Намояндагони мақомоти давлатӣ ва зиёиёни кишвар имрӯз зимни як ҳамоиш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ноогоҳии ҷавонон дар масоили ватандорӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Дар робита мушовири раисҷумҳур Муҳаббатшо Рӯзадоров гуфт: «Барои баъзеҳо Ватан ҳамон ҷоест, ки шароити хуби зиндагӣ дошта бошад. Соли гузашта вақте ба Маскав сафар доштем, ба муҳоҷирони меҳнатие, ки фарзандони мову шумо ҳастанд, суол додем, ки Тоҷикистонро шумо чӣ хел тасаввур мекунед? Онҳо мегӯянд, ки зиндагии мо дар ин ҷо нисбат ба Тоҷикистон хубтар аст».

Ба бовари ӯ, зиёиён метавонанд фаҳмонанд, ки миллат, Ватану ватандорӣ, ифтихор ва ғурури миллӣ чист.

«Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҷавонон дар бораи ин истилоҳ тасаввурот надоранд. Дар тарзи тафаккури ҷавонони баъзе қисмати Бадахшони Тоҷикистони мо як ҳолати сепаратистона ташаккул меёбад. Инро мо инкор карда наметавонем. Бинобар ин, баррасии ин мавзӯъ барои имрӯзу фардои миллати мо аҳамияти бузург дорад. Идеяи миллие, ки барои ташаккули миллати мо лозим аст, аз чунин баҳсҳо пайдо мешавад», - изҳор дошт Рӯзадоров

Мушовири раисҷумҳур афзуд, ки дар рӯзномаву нашрияҳои расмиву ғайрирасмӣ дар мавзӯи миллату давлатдорӣ баҳсҳои ҷиддӣ ҷараён доранд, ки воқеан муҳиманд. Аммо як чизи барои ӯ то ҳол норавшан набудани як хатти муайяни ифодагари чунин мафҳумҳои ҷиддии сиёсӣ ва маънавӣ мебошад, ки барои ташаккули давлати миллии муқтадир зарур аст.

Муовини сарвари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров ҳангоми суханронӣ дар ин мизи гирд оид ба мавзӯи «Ватан ва ифтихори ватандорӣ» гуфт: «Ҳар куҷо забонамон бошад, он ҷо ватани мост. Чунонки дар вақташ Самарқанду Бухорову Балху Ҳирот ватани тоҷикон маҳсуб мешуд. Тоҷикон бояд рӯҳияи миллӣ дошта бошанд. Агар рӯҳияи миллӣ шикаст, пас мо миллат надорем. Мо миллат нестем ва давлат надорем гуфтан ба нестӣ мебарад. Мардуми одӣ ба мову шумо - зиёиён гӯш мекунанд. Биёед аз худ пайғамбар натарошем! Нагӯем, ки миллат ва давлат надорем. Фардо ҷавонон аз мо чӣ меомӯзанд?»

Вай мегӯяд, ҷавонон ба сухани зиёиён таваҷҷуҳ доранд ва фикр мекунанд, ки он ҳақиқат аст, фалон рӯзнома дуруст менависаду фалон журналист қаҳрамон аст.

Ба бовари номбурда, он чизеро дар даст ҳаст, бояд хуб нигоҳ дошт. Дар ин ҳолат миллат сарҷамъ мешавад ва созандагиву ободкорӣ ба вуҷуд меояд.

«Касоне, ки давлату миллати тоҷиконро эътироф надоранд ва худашон тоҷику тоҷикистонӣ ҳастанд, онҳоро дар кишварҳои хориҷӣ эҳтиром намекунанд. Аз чунин афрод дар бораи Тоҷикистон маълумот мегиранд, лекин аз қафояш мегӯянд: марди аблаҳ аст, ки давлат, миллат ва ҳукумати худро паст мезанад. Ҷавонон бояд донанд, ки хиёнаткориро на танҳо мо, ҳатто хориҷиҳо ҳам намебахшанд», - изҳор дошт Сайфулло Сафаров.

Ба назари ӯ, барои ташаккули миллат як маркази давлатдорӣ бояд бошад. Вай афзуд: «Миллате, ки дар маркази муайян ҷамъ шуда наметавонад, аз дигарон бо роҳи фикрӣ манофеашро ҳифз карда наметавонад, миллат нест. Он миллате, ки аз уҳдаи ин кор мебарояд, дар шакли миллат ташаккул ёфтааст».

Дар навбати худ Абдураҳмон Маҳмадов, корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ иброз дошт, ки дар оғози садаи XX бо аз даст рафтани Самарқанду Бухоро ва қатлу бадарғаи афроди донишманд ва соҳиби хатту савод рӯҳияи миллии тоҷикон воқеан шикаста шуд.

Ба қавли ӯ, имрӯз рӯҳияи миллӣ шикастааст ва то Самарқанду Бухороро ба даст наорем, рӯҳияи миллӣ барқарор намешавад гуфтан кори хатост.

«Рӯҳияи миллии мо аз нав бояд эҳё шавад, мардумро аз нав тарбия кунем. Ин нукта собит аст, ки баъд аз сари мо фарзандонамон низ ормони Самарқанду Бухороро дар дил хоҳанд дошт. Вале рӯҳия ва ғурури миллиро бояд аз сари нав эҳё кард ва ҷасоратро ба мардум баргардонд. Зеро миллати тарсу ба ҳеч коре муваффақ намегардад», - иброз дошт Маҳмадов.

Дар мизи гирд ҳудуди 150 нафар ширкат варзиданд, ки миёни онҳо собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ, шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, вакили Маҷлиси намояндагон Абдураҳмон Хонов, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи президент ва зиёиёну ҷавонон ҳузур доштанд.