Дар соли сипаришуда назар ба соли 2012 ҳодисаи гирифторшавӣ ба бемории гепатит 188 ҳолат зиёд гардидааст, аммо, ба гуфтаи мутахассисон, холо ҳам гирифторӣ ба ин беморӣ то ҳадди эпидемия нарасидааст.

Ба иттилои муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Навруз Ҷаъфаров, дар соли сипаришуда 10 хазору 200 ҳолати гирифторӣ ба ҳамаи шаклҳои гепатит ба қайд гирифта шудааст, вале шумораи беморони шаклҳои хавфноки он - гепатити В ва С нисбат ба соли 2012 коҳиш ёфтааст.

«Ба андешаи ман, омили асосии кам шудани шумораи беморони гепатити В ва С ба комилсозии низоми хизматрасонии тиббӣ вобаста аст. Вале ҳанӯз ҳам беморон бо касалиҳои  сироятӣ дар навоҳии кишвар боқианд», - таъкид дошт Ҷаъфаров.

Мутобиқи маълумотҳои ғайрирасмӣ, тайи моҳҳои охир шумораи беморони гепатит хеле боло рафтааст. Ба иттилои ғайрирасмӣ, 46% кӯдакон танҳо дар шаҳри Душанбе гирфитори зарпарвин (гепатит А) шудаанд.

Аммо ба гуфтаи Навруз Ҷаъфаров, ин иттилоъ комилан нодуруст аст. «Танҳо дар шаҳри Душанбе гирифторони шаклҳои гуногуни гепатит ба 1270 нафар мерасад. Ба ин шумора на танҳо кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ, балки калонсолон ҳам дохил мешаванд. Аз ин рӯ, ҳеҷ имкон надорад, ки 46%-и кӯдакон танҳо ба гепатити А гирифтор бошанд», - гуфт Ҷаъфаров.

Сокини пойтахт М.И. (бо хоҳиши бемор номаш ифшо нашудааст), ки чанде қабл аз гирифтор буданаш ба гепатити С огоҳ шудааст, даъво дорад, ки беэътиноии дандонпизишк боиси беморшавии ӯ гаштааст.

«Шахсан ман, медонам, ки аз хунукназарии дандонпизишки беморхонаи назди хонаам ба гепатит С гирифтор шудам. Чун қаблан ман донори хун будам ва пеш аз супоридани хун аз ташхис мегузаштам. Аммо пас аз табобати дандонҳоям, вақте дубора хун супоридам, гуфтанд, дар хунам вируси гепатити С ҳаст», - нақл кард М.И.

Ба иттилои ӯ, танҳо дар беморхонаи ҷойи истиқоматаш 142 нафар бо бемории гепатити С ба қайд гирифта шудаанд.

Аммо Навруз Ҷаъфаров мегуяд, дар соли 2013 гепатитҳои навъи В ва С рӯ ба коҳиш ниҳоданд: гепатити В - 245 (30 ҳолат камтар аз соли 2012) ва гепатити С – 66 (13 ҳолат камтар).

Ба гуфтаи Ҷаъфаров, ҳоло нисбат ба фаъолияти дандошпизишкон даъво воқеан зиёд аст, вале барангезандаи гепатитҳои навъи В ва С аз 45 рӯз то 6 моҳ дар организм густариш меёбанд ва аслан ҳеҷ тағйирот дар намуди зоҳирии онҳо пай бурда намешавад. Аз ин рӯ, ба андешаи Ҷаъфаров, дар сурати бад шудани саломатиашон ва огоҳ шуданашон аз бемории гепатити В ё С дарҳол табобати худро дар назди дандонпизишк ё ҷарроҳие, ки чанде пеш сурат гирифт, ба хотир меоранд ва фикр мекунанд, ки маҳз ҳамин духтурон боиси беморшавиашон гаштаанд. Дар ҳоле, ки то рӯ задани беморӣ вируси гепатити В ва С то 6 моҳ дар хун мешавад. Аз ин рӯ Ҷаъфаров пешниҳод мекунад, ки қабл аз гирифтани табобат дар назди дандонпизишк ҳар нафар бояд пешакӣ аз ташхиси хун гузарад, то шубҳа бартараф карда шавад.

Бо вуҷуди ин, сармутахассиси Раёсати бемориҳои ниҳоят хавфноки Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Сабоҳат Аҳмадбекова сабабҳои гирифториро ба гепатитҳои В ва С бештар таҷҳизоти тиббии дезинфексиянашуда меҳисобад. «Баъди анҷоми амалиёти тиббӣ ҳар як духтур бояд асбобҳои худро дар маҳлулҳои безараргардонӣ пок созад», - илова сохт мутахассис.

Дандонпизишки бемористони «Ибни Сино» Дахте Нариманов ҳам бар он назар аст, ки даъвохои шаҳрвандон ба ин беморӣ гирифторшуда қисман бамавқеанд, чунки эҳтимолияти сироятёбӣ дар назди дандонпизишкон ниҳоят зиёд аст.

«Фармони Вазорати тандурустӣ дар бораи қабули шаҳрвандон дар муассисаҳои дандонпизишкӣ ниҳоят ба мавқеъ аст, чунки мутобиқи он, шаҳрвандон уҳдадор мешаванд, ки аввал аз ташхиси хун гузашта, баъд ба муолиҷаи дандон шурӯъ кунанд», - зикр кард дандонпизишк.