Бо қарори суди ноҳияи Орҷоникидзеи шаҳри Екатеринбург баррасии парвандаи маъмурӣ нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Суҳроб Саъдонов қатъ карда шуд.

Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанд рӯз қабл падари Суҳроб дар бораи боздошти ғайриқонунии писараш аз ҷониби кормандони пулис ба намояндагӣ муроҷиат кардааст.

«Ба гуфтаи падари Суҳроб, ҳангоми боздошт писараш ҳуҷчатҳои заруриро бо худ надоштааст ва бо ин сабаб нисбати ӯ парвандаи маъмурӣ боз кардаанд», - гуфт Аҳмадов.

Дар идома ӯ зикр кард, ки бо мусоидати намояндагӣ тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод шуда, суд баррасии парвандаро қатъ ва шаҳрванди Тоҷикистон аз истирдод ба ватан раҳоӣ ёфт.