Анонс

- Cафорати Покистон дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии «Рӯзи Кашмир»-ро таҷлил мекунад. Оғози чорабинӣ ба ин муносибат соати 11:00;

- Нишастҳои хабарии ҷамъбасти соли 2013 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ (оғоз соати 11:00), Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ (оғоз соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ) ва ширкати «Барқи тоҷик» (оғоз соати 16:00).

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.8004 сомонӣ;

1 евро - 6.4855 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.13 88 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1947 – Фармони Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи таъсиси унвони фахрии «Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон» ба чоп расид.

2003 — Дар Хоруғ консулгарии Афғонистон расман ба фаъолият шурӯъ кард.

2011 – Дар меҳмонхонаи шаҳри Хуҷанд бо сабабҳои номаълуму ошкорнашуда сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД Тоҷикистон Сайдулло Пиров ҳалок шуд.

2013 — Дар таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе шаҳрванди 8-ҳаштмиллёнаи Тоҷикистон ба дунё омад. Духтарча Сумайя ном дошта, фарзанди аввалини оилаи Раҳмоналӣ Раҳмонови 37-сола ва Майсара Шарифоваи 33-сола мебошад.

1939 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Султон Наврӯзов.

1950 – Мавлуди доктори улуми кимиё Ҳайдар Сафиев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2-7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -6-11, рӯзона -3-8, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -4-9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -8-13, рӯзона -2-7, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -6-11.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -5-10, рӯзона -3-8;  дар шарқи вилоят шабона -16-21, рӯзона -4-9.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -14-16, рӯзона -2-4.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -12-14, рӯзона -8-10.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад. 

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -1+1.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона 0+2.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -3-5.