Сокини ҳаштмиллионаи Тоҷикистон Сумайя Раҳмонова, ки 5-уми феврали соли 2013 дар таваллудхонаи №3-и пойтахт ба дунё омад, имрӯз зодрӯз дорад.

Зодрӯзи нахусташро Сумайя дар манзили дуҳуҷрагӣ, ки аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе дарҳол баъди таваллуди тифл ба ин оила туҳфа шуда буд, пешвоз мегирад. Сарфи назар аз сардиҳои шадид, манзил гарму шароиташ хуб аст.

Қобили зикр аст, ки дар маросими супурдани калиди манзил ва шаҳодатномаи таваллуд мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ин оила барои кумаки ройгони тиббӣ, таъмини таҳсили кӯдак дар мактаби таҳсилоти умумӣ ва минбаъд дар муассисаи таҳсилоти касбӣ кафолат дода буд.

Майсара Шарифова, модари Сумайя дар ин робита зикр кард, ки дар бораи таҳсил ҳарф гуфтан ҳанӯз барвақт аст, вале давоми сол ба Сумай кӯмаки ройгони тиббӣ пешниҳод нашудааст. «Тамоми эмгузарониҳои зарурӣ, муоина ва кӯмаки тиббиро мо худамон анҷом додем. Алҳои кӯмаки тиббии ройгони ваъдашударо мо надидаем», - мегӯяд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки Сумайя Раҳмонова соати 7-и субҳи рӯзи 5-уми феврали соли 2013 ба дунё омад. Вазнаш – 2 килову 740 грамм ва қадаш – 48 сантиметрро ташкил дода буд.