Дар соли 2013 дар ҳудуди кишвар маҷмуан 394 ҳолати нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон, нисбат ба 73 ҳолати қонуншиканӣ дар соли 2013 чораандешӣ шудааст.

«Миёни афроде, ки дар мавриди ин масъала ҷаримабандӣ шуданд, 25 тоҷир, 10 овозхон, 2 шахси ҳуқуқӣ, 4 муҳоҷири меҳнатӣ, 4 мансабдори давлатӣ, 3 нафақахӯр, 6 роҳбари тарабхонаҳо, 2 омӯзгор, бинокор, ронанда, 3 бекор ва 8 намояндаи касбу кори дигар ҳузур доранд», - гуфта мешавад дар иттилои Кумита.