Барои ҷарроҳии сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки аз ҷониби сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов мавриди лату кӯб қарор гирифта, дар натиҷа гарданаш шикаст, 64 ҳазору 400 евро маблағ зарур аст.
Падари сарбози ҷабрдида Нуъмон Ҳакимов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз ин ҳодиса ӯ дарҳол натиҷаҳои ташхиси томографиро ба яке аз дармонгоҳҳои Олмон равона кардааст ва онҳо посух додаанд, ки арзиши ин гуна ҷарроҳӣ 54 ҳазору 400 евроро ташкил медиҳад. «Албатта, ман ин қадар маблағ надорам», - гуфт ӯ.
Ба қавли вай, айни замон пардохти маблағи табобат ва нигоҳубини писараш дар Маркази миллии тиббиро қисми низомие, ки дар он ҷо Шаҳбол Мирзоев лату кӯб шуд, ба уҳда гирифтааст, вале ҷарроҳӣ гузаронидан зурур аст. «Ман ду фарзанд дорам ва агар якеашро ҷарроҳӣ накунанд, ӯ тамоми умр маъюб мемонад», - гуфт падари сарбоз.
Айни замон, ба гуфтаи Нуъмон Мирзоев, вазъи солимии Шаҳбол бетағйир аст – ӯ пойҳояш ва ангуштони дасташро ҳис намекунад. Дар бинои 5-уми Маркази миллии тиббӣ аз пешниҳоди маълумот ба «Азия-Плюс» дар бораи вазъи солимии сарбоз худдорӣ варзида, танҳо зикр краданд, ки ҳақиқатан ҳам шахсе бо чунин ному насаб дар шуъбаи нейрохирургия бистарӣ аст.
«Ман тамоми ҷиддияти ҳодисаи мазкурро дарк намуда, тасмим гирифтам, ки имрӯз бо номаи расмӣ ба президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кунам. Дар нома ман дархост мекунам, ки ҳамаи афроди фарзанди маро мавриди таҳқиру лату кӯб қарордода муҷозот шаванд. Дар лату кӯби писари ман натанҳо Усмон Ғайратов, балки боз чанд нафари дигар низ даст доранд. Аз сарвари давлат дархост мекунам, ки барои ба муҷозот кашидани ҳамаи онҳо ва ҳамчунин командири ин қисми низомӣ Мирзоев мусоидат намояд. Ҳамчунин дархост мекунам, ки ба гузаронидани ҷарроҳӣ ва табобати писарам низ кумаку мусоидат карда шавад», - мегӯяд Нуъмон Мирзоев.
Дар ҳамин ҳол, дар Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) боз шудани парвандаи ҷиноиро тасдиқ намуданд.
Шахсони ниқобпӯш ва бо либосҳои сиёҳ. Сокинони Конибодом дар ҳаросу мақомот хомӯш
“Кӯдаконро дошта намешавад”. Андешаи сокинон дар бораи манъи идгардак
Иди саиди Қурбон муборак!
“Сӯи душман тез кардам ман қаламро...”. Зулфия Атоӣ 70-сола шуд
Чӣ гуна як зани афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба паноҳҷӯён ҷои кор медиҳад?
Интихоботи Эрон. Кӣ президент мешавад ва муносибат бо Тоҷикистон тағйир мехӯрад?
“Муллои ҷинбарор” боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд
Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва боздошт шудааст
Дар Иди Қурбон дар куҷои Душанбе чорво забҳ кардан мумкин аст?
Боздошт ва ҳабси шавҳари блогери тоҷик баъди шикояташ оид ба хушунат
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста