Анонс

- Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе ҳунармандону косибони тоҷик таҷрибаи пешқадами Аврупо дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ мекунанд. Оғоз соати 10-00;

- Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Машварати дурӯзаи омодагӣ оид ба арзиши инсонӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муҳим дар бахши ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон»-ро мегузаронад. Оғоз соати 10-00;

- Дар Маркази фарҳанги «Батрия» намоиши филми мустанади фаронсавии коргардон Абдерраҳман Сиссако «Bamako» бо субтитрҳои англисӣ баргузор мешавад. Воридшавӣ озодона аст.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9214 сомонӣ;

1 евро - 6.7035 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.14 18 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1583 – Бори нахуст дар таърих суғуртаи ҳаёт ба қайд гирифта шуд.

2005 — Оғози сохтмони бузургтарини пул аз болои дарёи Панҷ, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам мепайвандад.

2007 — Дар Душанбе Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба кор оғоз кард.

1896-1966 – Зодрӯзи адабиётшинос Саид Нафисӣ.

1911-1968 – Мавлуди актёри театру кино Наимҷон Ғиёсов.

1935-2001 – Зодрӯзи олим Мирзо Олимов.

1935 – Мавлуди журналист Карим Мирзоев.

1946 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Фирӯз Шукуров.

1949 – Мавлуди журналист Низомиддин Аъзамбоев.

1962 – Зодрӯзи оҳангсоз Шӯҳрат Ашӯров.

1972 – Мавлуди сароянда Бунафша Шокирова.

Вазъи обу ҳ аво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +24+29.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +21+26.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3300 метр борону барф) меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +10+15, рӯзона +27+32;  дар шарқи вилоят шабона -1+4, рӯзона +12+17.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола, рӯзона бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад, рӯзона бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.