Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кард, ки блогнавис ва муҳаққиқ Александр Содиқов таъҷилан озод карда шавад.

HRW хотиррасон мекунад, ки Содиқов ҳангоми вохӯрӣ бо яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ Алим Шерзамонов боздошт шуда, то имрӯз намояндагони ҳукумат макони будубоши ӯро пинҳон медоранд.

«Муҳаққиқ дар Тоҷикистон бедарак шуд ва аллакай муддати се рӯз аст, ки ҳукуматдорон дар бораи макони будубош ва вазъи солимии ӯ чизе намегӯянд, - гуфтааст Хю Уилямсон, директор оид ба Аврупо ва Осиёи Марказии созмон. – Ҳукумати Тоҷикистон бояд таъҷилан Александр Содиқовро озод намуда, дастрасии ӯ ба адвокат ва оилаашро таъмин намояд».

HRW қайд мекунад, ки Содиқов унвонҷӯи Донишгоҳи Торонто, блогнависи маъруфи Global Voices буда, бо мақсади баргузории таҳқиқот таҳти сарварии Донишгоҳи Эксетер (Британияи Кабир) оид ба масъалаҳои танзими низоъҳо ба ВМКБ омадааст, зеро моҳи июли соли 2012 ва моҳи майи соли 2014 дар ВМКБ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ низоъҳо рух доданд.

Кормандони КДАМ ӯро 16-уми июн ҳангоми вохӯрӣ бо яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешвои гирдиҳамойиҳои зиддиҳукуматии моҳи май дар Хоруғ ва муовини раиси ҳизби мухолифи ҲСДТ дар минтақа Алим Шерзамонов боздошт карданд.

«Шерзамонов ба журналистон иттилоъ додааст, ки нимаи рӯз ӯро 2 нафар бо муаарифӣ кардани худ ҳамчун кормандони хадамоти амният бидуни шарҳи сабаб ба ҳабс гирифтанӣ шудаанд. Шерзамонов ба кадом самт бурдани Содиқовро надидааст. Баъдтар КДАМ изҳорот пахш намуда, ҳабсро тасдиқ ва гумонбарии ӯ ба ҷосусӣ ба манфиати ҳукумати кишвари хориҷиро зикр кард», - қайд мекунад созмони ҳомии ҳуқуқ.

Аз он замон, зикр мекунад HRW, дар бораи Содиқов ҳеҷ маълумоте нест, ахиран ӯ соати 09-30 дақиқаи шоми рӯзи 16-уми июн бо ҳамсараш телефонӣ суҳбат доштааст. Созмони ҳомии ҳуқуқ мутмаин аст, ки номаълум будани макони будубоши Содиқов эҳтимоли нисбати ӯ истифода шудани шиканҷаро зиёд мекунад.

«Шояд ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамин метод – «аввал боздошт ва сипас саволҳо» кор мегирад, ки риоя нашудани уҳдадориҳои гирифтаи Тоҷикистон дар доираи ҳуқуқи байнулмилалӣ аст», - изҳор кардааст Уилямсон.

HRW ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти афроди наздик ба оилаи Содиқов, рӯзи 17-уми июн кормандони милиса дар хонаи модари Содиқов дар Душанбе кофтуков гузаронида, флеш-кортҳо ва компютерҳоро мусодира намудаанд. «Зӯроварона бедаракшавӣ ҷинояти ҷиддӣ буда, дар кишваре, ки кӯшиши эҳтиром гузоштан ба волияти қонунро дорад, набояд ҷой дошта бошад», - гуфтааст Уилямсон.

Дар ҳамин ҳол, созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) низ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъвт кардааст, ки Александр Содиқов таъҷилан озод карда шавад.

AI ҳамчунин далели аз ҷониби ҳукуматдорон пинҳон нигоҳ доштани макони будубоши Содиқов ва дастрасӣ надоштани ӯ ба адвокатро маҳкум мекунад. «Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, пас аз гузашти се шабонарӯз баъди боздошт, ба ӯ бояд айбнома пешниҳод шавад ё дар ҳоли акс, ӯ бояд озод карда шавад», - таъкид месозад AI.