Анонс

- Ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир мегардад, ки дар он масъалаи тасдиқи аъзои нави аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳодшудаи Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Оғоз соати 10-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.1181 сомонӣ;

1 евро - 6.2502 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.096 5 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2004 – Раиси Кумитаи ҳифзи марзи давлатии назди ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Азимов ва роҳбари Хадамоти марзбонии Русия Владимир Проничев санади қабулу супоридани минтақаи Помири сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ба имзо расониданд.

2004 – Бо дархости мақомоти Тоҷикистон раиси Ҳизби демократ Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Маскав боздошт шуда, баъдтар ба 23 соли зиндон маҳкум гардид.

2008 — Дар Теҳрон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Эрон оғоз гардид.

2009 — Дар Тоҷикистон Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсияро ҷашн гирифтанд.

1918 – Зодрӯзи дирижёр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Ибодулло Абдуллоев.

1926 – Мавлуди ҳунарманди балет, Ҳунарпрешаи шоистаи Тоҷикистон Рамзия Баккал.

1926 – Зодрӯзи Рассоми халқии Тоҷикистон Хушбахт Хушвақтов.

1966 – Мавлуди олими соҳаи тиб Ҷамолиддин Абдуллоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +5+10, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -6-11, рӯзона -1+4, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -1-6.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.         

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона-7-12, рӯзона 0+5;  дар шарқи вилоят шабона -15-20, рӯзона -3-8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона 0-5.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд. 

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона 0+2.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +3+5.