Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндаони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, бо қарори Шӯро, Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Покистон оид ба таъсиси гуруҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байнулмилалӣ ва Конвенсия оид ба имтиёз ва масъуниятҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид ба тасдиқи палатаи поёнии парлумон пешниҳод карда мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки бо қарори Шӯро якчанд созишномаҳо миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) тибқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе» низ ба тасдиқи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми палатаи поёнии парлумон пешниҳод мешаванд.