Ба муносибати 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мақомоти шаҳрдории Душанбе барои сарбозону афсарони 26 қисми низомӣ дастархони идона меорояд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, бо қарори раиси шаҳр ба ин муносибат ҳамчунин дар тамоми қисмҳои низомии мустақар дар қаламрави пойтахт консертҳои идона ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд.

«Ғайр аз ин, бо собиқадорон ва раҳбарияти шаҳр вохӯриҳо доир гардида, боздиди толибилмони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр аз қисмҳои низомӣ ба роҳ монда мешавад», - гуфт сарчашмаи хабар.