Аз 1241 хатмкардаи мактабҳои олии омӯзгории кишвар, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба 10 мактаби минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фиристода шуда буданд, то имрӯз ҳамагӣ 781 нафар ба кор шурӯъ намудаанд.

Мутахассиси шуъбаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Абдуҷаббор Ятимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки омӯзгорони ҷавони «сафарбаршуда» аз ҳама бештар ба мактабҳои шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғараву Ховалинг ҳозир нашудаанд.

«Аз 382 омӯзгори ба Кӯлоб фиристодашуда 193 нафарашон то оғози соли хониш ҳозир нашуда, дар дигар ноҳияҳои зикршуда низ ин шумор камтар аз нисфро ташкил медиҳад», - иброз дошт ӯ ва қайд кард, ки дар ҳеҷ кадоме аз ноҳияҳо омӯзгорони ҷавон ба пуррагӣ (100%) ҳозир нашудаанд.

Ба гуфтаи А.Ятимов, омӯзгорони ҷавони ҳозирнашударо дар мактабҳои минтақа то 10 сентябр мунтазир мешаванд ва сипас нисбати онҳо аз ҷониби Вазорати маориф барои ҷуброни хароҷоти давлат барои таҳисли онҳо ба суд шикоят бурда хоҳад шуд.