Анонс

- Дар Лас-Вегас (ИМА) мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии варзишӣ идома меёбад, ки дар он Тоҷикистонро 6 нафар гуштигирон намояндагӣ мекунанд;

 - «Интерньюс» дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Реклама дар давраи буҳрон» вебинар баргузор мекунад. Оғоз соати 16-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.3595 сомонӣ;

1 евро – 7.0972 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.0996 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2008 — Дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент дар доираи таҷлили ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классикиии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи оромгоҳи шоир баргузор шуд.

2009 — Дар Душанбе маросими муаррифии китоби президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то сомониён» бо забони ҳиндӣ доир гардид.

2010 – Дар Тоҷикистон пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда шуданд.

1933 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Усмон Мамадқулов.

1935 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Назришо Сӯфиев.

1936 – Зодрӯзи шоир ва драматург Зариф Ибод.

1939-1984 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мастибек Паллаев.

1945 – Зодрӯзи ҳуқуқшинос Бобоҷон Бобохонов.

1947 – Мавлуди ҳунарпешаи балет Татяна Холова.

1948 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон ва арбоби давлатӣ Иброҳим Усмонов.

1953 – Мавлуди доктори улуми кишоварзӣ Толиб Набиев.

1967 – Зодрӯзи рӯзноманигор Абдуқаюми Қаюмзод.

1971 – Мавлуди журналист Рухсораи Нур.

1973 – Зодрӯзи журналист Хуршед Ниёзов (Хуршеди Атовулло).

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +27+32.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +26+31; дар шарқ шабона -1+4, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +28+30.