Рӯзи 9 июни соли 2016, оғои Такаши Окимото, роҳбари бахши матбуотии Сафорати Чопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯрообод) ташриф оварда, дар маросими муваффақона анҷом ёфтани ду лоиҳаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ширкат варзид.

Аваллан дар деҳаи “Доғистон” маросими анчомёбии «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби миёнаи №4 деҳаи «Доғистон»-и ҷамоати деҳоти «Доғистон»-и ноҳияи Шӯрообод» баргузор гардид. Бо мақсади бунёди бинои нави мактаби №4, иборат аз шаш синфхона ва хонаи омӯзгорон ва муҷаҳҳаз гардонидани ашёи омӯзишӣ, аз қабили мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва ғайра ба Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз тарафи Ҳукумати Ҷопон маблағи умумии 111,889 доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гашта буд.

Худи ҳамон рӯз, оғои Окимото дар маросими ба охир расидани «Лоиҳаи паст намудани хавфи офатҳои табии дар қишлоқи “Даштиҷуми” ноҳияи Шӯрообод» иштирок намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин грантро бо маблағи умумии 119,483 доллари ИМА ба даст овард. Ин маблағ мебоист барои сохтмони канали обгузаре масраф мешуд, ки деҳаи “Даштиҷумро” аз офати обхезӣ ва фаромадани сел ҳимоя менамуд. Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи мазкур пули пиёдагардии нав барои бехатар гузаштани канали обгузар хангоми обхезӣ сохта шуд.

Рӯзи 10 июни соли 2016 оғои Такаши Камада, Сарпарасти Сафорати Ҷопон ба ноҳияи Қубодиён сафар карда дар маросими ба охир расидани «Лоиҳаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи «Навбаҳор»-и ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлол»-и ноҳияи Қубодиён» иштирок намуд. Барои сохтмони бунгоҳи тиббии нав дар деҳаи «Навабаҳор», ки қаблан он ҷо ягон муассисаи тиббӣ вуҷуд надошт, маблағи умумии 87,690 доллари ИМА ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Қубодиён дода шуд. Пас аз бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳа, ҳоло дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба сокинони деҳаи «Навбаҳор» зудтар ва хубтар гашт.

Зимни суханронии хеш дар маросими фавкуззикр, оғои Камада қайд намуд, ки лоиҳаҳои Барномаи кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳаллии Тоҷикистон назаррасанд ва ба рушди равобити дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон вусъат мебахшанд.

Сокинони маҳаллӣ ва кормандони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Қубодиён ба Ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ ба беҳтар гардонидани соҳаи маориф, хизматрасонии тиббӣ ва паст намудани хавфи офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур миннатдории самимӣ изҳор намуданд.