Осоишгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм» ва «Сароб» дар ноҳияи Варзоб бо оби радонии худ маъруфанд. Ин сарвати табиӣ хусусияти шифобахшӣ дорад, аммо истифодаи аз меъёр зиёди онро пизишкон тавсия намедиҳанд.

Дар қаламрави Тоҷикистон cарчашмаҳои оби радонӣ дар қаторқӯҳҳои Қурама, Ҳисор, Туркистон ва Помир мавҷуданд. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб 3 сарчашма ҳаст, ки бо 96 дараҷаи гармӣ аз қаъри замин мебарояд. Аммо Садриддин Абдураҳимов , доктори илмҳои геология ва минералогия мегӯяд, ки таркиби оби радонии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Дар манотиқи дорои чашмаҳои оби радонӣ як қатор осоишгоҳҳо бунёд шудаанд. Дар ин муассисот табобати намудҳои гуногуни беморӣ дар буғхона ва ҳаммомҳои махсус бо назардошти вазъи саломатӣ ва баъд аз муоинаи пизишкон сурат мепазирад.

Сокини вилояти Хатлон Гулсумо Мирзоматова солҳои зиёд аз дарди сутунмуҳра азият мекашид. «Хоҷа Оби Гарм» ягона осоишгоҳе нест, ки ӯ барои дармон ба дарди худ муроҷиат кардааст. Вай ба ин ҷо бо тавсияи ҳамсояаш омадааст. «Сутунмуҳра ва пойҳоям дард мекарданд. Асабам низ хаста... Зиқ мешудам – охир аз дард нишаставу хеста натавонӣ, чӣ хел аст? Оби радонӣ, масҳ, парафин, нур – ин ҳама фоидаам кард», - мегӯяд Гулсумо.

Мутахассисони соҳаи тиб оби радониро барои дармони як қатор маризиҳо манфиатбахш медонанд. «Бемориҳои роҳи нафас табобат мешаванд. Безурриётӣ ва простатит низ шифо меёбад», - иброз дошт духтури осоишгоҳи «Сароб» Муҳиддин СанговАммо истифодаи он на ба ҳама беморон тавсия мешавад. Маризиҳое мавҷуданд, ки муолиҷаи онҳо бо оби радонӣ зарар дорад.

«Ба беморе, ки гардиши хуни дил ва ё мағзи сараш нағз нест, яъне норасоӣ дораду фишораш баланд аст, тавсия намедиҳем. Ба гирифтори санги гурдае, ки ҳаҷмаш калон аст, бемории сирояткунандае, ки дар гармӣ ангезандааш зиёд мешавад, ҳамчунин ба силкасал тавсия намешавад», - афзуд Сангов.


Бино ба иттилои масъулони осоишгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм» ва «Сароб», теъдоди дармонгирандагон дар ин мавзеъ сол то сол меафзояд. Огоҳии бештари аҳолӣ аз хусусиятҳои табобатии оби радонӣ омили аслии афзоиши муроҷиаткунандагон дониста мешавад. Бо назардошти ин, дастандаркорон талош ба харҷ медиҳанд, ки хизматрасониро ба мизоҷон беҳтар ба роҳ монанд.

Дар осоишгоҳҳои мазкур ҳар як бемор қабл аз шурӯи дармонгирӣ бо қоидаҳои табобат шинос карда мешавад. Зеро натиҷаи беаҳамиятиву риоя нашудани меъёри истифода аз оби радониро масъулон борҳо шоҳид шудаанд. Аз ин рӯ, донистани хусусиятҳои оби радонӣ қабл аз оғози табобат муфид аст.