Кумита оид ба корҳои дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хостори он аст, ки барои анҷоми расми никоҳ танҳо ба имом-хатибони масҷидҳо иҷозат дода шавад. Муллоҳо (рӯҳониёни ғайрирасмӣ)-ро барои ин амал Кумита ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карданист.
Зимни нишасти хабарӣ муовини раиси Кумита Ҷумъахон Ниёзов дар ин робита изҳор намуд, ки ҳанӯз ду сол қабл Кумита ба ҳамаи имом-хатибони масҷидҳо дастур дода буд, ки дафтаре боз намуда, дар он ному насаби шахсонеро, ки никоҳ кардаанд, қайд кунанд.
«Ин дастур барои он дода шуд, ки аз ҳодисаҳои такрор шудани никоҳ аз ҷониби мард ё никоҳи ноболиғон пешгирӣ шавад», - иброз дошт номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, ба имом-хатибон дастур дода шудааст, ки танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷат аз идораи САҲШ маросими никоҳро анҷом диҳанд ва имом-хатибоне, ки ин дастурро сарфи назар кардаву мардро бо зани дуюму сеюм никоҳ кардаанд, аллакай аз мансабҳояшон барканор шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи намояндаи Кумитаи дин, айни замон бештар рӯҳониёни ғайрирасмӣ - муллоҳо бидуни бекор шудани ақди никоҳи пештара мардонро такроран никоҳ мекунанд.
Сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров дар мавриди ин масъала зикр кард, ки ҳарчанд дастури Кумита асосҳои қонунӣ надошта бошад ҳам, муллое, ки маросими никоҳро анҷом додаву он муайян карда шудааст, огоҳ карда мешавад, вале дар ин ҳолатҳо мулло ҳеҷ масъулияте надорад.
«Айни замон дар Кумита ба ҳаллу фасли ин масъала, яъне чӣ гуна ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кардани ин муллоҳо машғул аст», - афзуд Шокиров.