Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ масъалаи хизматгузории терминалҳо ба аҳолӣ ҳангоми ба тавзуни телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ)-ашон маблағ гузарониданро мавриди омӯзиш қарор дод.

Бино ба иттилои сомонаи ин хадамот, муайян гардидааст, ки тибқи талаботи банди 14 боби 4 «Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 тасдиқ карда шудааст, бояд ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) фоиз барои қабули пардохт набояд ситонида шавад.

«Мутаасифона, аз ҷониби аксарияти субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори молӣ бо хизматрасонии терминалҳои пардохти пулӣ ба аҳолӣ машғул мебошанд, талаботи Тартиби мазкур риоя нагардида,  ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) то 3% ва баъзе мавридҳо то 10 фоиз маблағ ситонида мешавад, - омадааст дар маълумот. - Амали мазкур ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро поймол намуда, боиси вайрон гардидани талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мегардад».

Гуфта мешавад, омўзиш нишон додааст, ки дар интерфейси монитори терминалҳо барои маълумоти муштариён Аҳдномаи оммавӣ - оферта дар шакли электронӣ, нархномаи ситонидани фоизҳои комиссионӣ барои пардохти маблағпешниҳод карда шудаанд.

«Вобаста ба ин, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ рўзи 14 феврали соли 2017 бо намояндагони субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла ҶДММ ТАҚХ “Авфар”, ҶДММ “Пардохти фаврӣ”, ҶДММ ССП “Пайванд”, ҶДММ “Юнипей”, ҶДММ “Эмон”, ҶДММ “Паймон СМТ” ва ҶДММ “Пардохт Тҷ” (Тоҷ Пей) ҷаласа баргузор шуда, ғайр аз ин, ба ҶДММ “Леваканд тиҷорат” ва ҶДММ «Боварӣ-М» ҷиҳати риоя намудани талаботи қонунгузорӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва Тартиби мазкур мактубҳои расмӣ ирсол карда шуд», - қайд мешавад дар шарҳ.
Терминали воқеъ дар МТН "Шарқи озод"
Акс: Asia-Plus

Зикр мегардад, ки ҳамчунин, ба операторони алоқаи барқӣ, аз ҷумла ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶДММ «Таком», ҶСП «ТТ Мобайл», ҶММ ҶМ «Тоҷикмобайл», ҶСП «Телеком Технолоҷӣ» ҶСП «Вавилон Мобайл», ҶСП «ТК Мобайл» мактубҳои расмӣ ирсол гардиданд, ки дар он талаб карда мешавад дар шартномаҳои амалкунанда бо субъектҳои хоҷагидори дар самти хизматрасонии терминалҳо фаъолияткунанда, фавран тағйиру иловаҳо оид ба қатъ намудани ситонидани фоиз барои қабули пардохт ҳангоми гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён) дароварда шавад.

«Аз маълумотҳои пешниҳодгардида, инчунин мушоҳидаҳо бармеояд, ки айни ҳол аз ҷониби ҷамъиятҳои номбурда тавассути терминалҳо ҳангоми  пардохти маблағ ситонидани фоиз аз муштариён қатъ карда шудааст ва масъалаи мазкур зери назорат қарор дорад», - зикр мегардад дар хотимаи маълумот.

Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои охир дар шаҳри Душанбе терминалҳои пардохти ширкатҳои гуногун аз кор монда, аксари соҳибони терминалҳо кори онҳоро қатъ кардаанд. Ин ба он оварда расонид, ки сокинони пойтахт ва дигар минтақаҳои кишвар акнун бо мушкилоте дучор шудаанд, ки барои пур кардани тавозуни телефони мобилӣ ё дигар хизматгузориҳо ҷойи пардохт намеёбанд.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, соҳибони терминалҳо гуфтаанд, ин дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ сабаб шудааст, то онҳо корро қатъ кунанд, зеро дигар нигаҳ доштани терминал барояшон зиёновар аст.