Мақомоти вилояти Синтзян дар шимолу ғарби Чин гузоштани номҳои мазҳабиро барои кӯдакон, манъ карданд. Ба ин рӯйхат садҳо ном, ки миёни мусулмонон бештар истифода мешаванд, шомил аст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, намояндаи расмии вилоят дар суҳбат бо Радиои Осиёи Озод хабари расонаҳои Ғарбро дар ин бора тасдиқ карда ва гуфтааст, бар пояи "Қоидаи номгузории ақаллиятҳои қавмӣ", ки ахиран аз тарафи Ҳизби ҳокими коммунистии Чин муаррифӣ гашт, гузоштани номҳои Қуръон, Ислом, Саддам, Имом, Ҷиҳод, Ҳаҷ, Макка ва Мадина ба кӯдакон манъ шуд.

Намояндаи пулиси шаҳри Урумчӣ, маркази Синтзян мегӯяд, кӯдакони дорои ин гуна номҳо аз низоми қайди давлатӣ, ки бар пояи он дастрасӣ ба хадамоти маорифу тиб таъмин мешавад, хориҷ карда хоҳанд шуд.

Ин қоида асосан ба ақалиятҳои қавмӣ, дасти кам ба 10 миллион уйғур, зиёда аз 1,5 миллион қазоқ, ҳудуди 150 ҳазор қирғиз, 5 ҳазор тотор, чаҳор ҳазор тоҷик ва наздики ҳазор дунган дахл дорад, ки аз дини Ислом пайравӣ мекунанд.

Уйғурҳо чандин сол аст аз муносибати ҳукумати Чин бо онҳо шикоят мекунанд. Ҳизби ҳокими коммунистии Чин дастрасӣ ба ин минтақаи нооромро сахт назорат карда, санҷиши иттилоъ дар бораи Синтзян тариқи манобеи мустақил мушкили бузургеро дар пай хоҳад дошт.