Баъзе аз сокинони вилояти Хатлон худсарона ва ё бо мусоидати баъзе аз соҳибмулкони анборҳои нигаҳдории заҳрхимикатҳои собиқ колхозҳои пахтакор дар чунин анборҳо манзили зист сохта, сукунат доранд. Ин дар ҳолест, ки дар чунин мавзеъҳо натаҳо зистан, балки амалӣ намудани ҳамагуна фаъолият қатъиян манъ аст.

Мардум мушкилашонро пинҳон медоранд

Баъди таҷдиди колхозу совхозҳои пахтакор аксари амволи онҳо, аз ҷумла анборҳое, ки дар он заҳрхимикатҳо ҷой дода мешуданд, хусусӣ гардонида шуданд ва ё бесоҳиб монданд. Ин аст, ки мардум дар ҷойи ин анборҳо манзили зист сохтаю зиндагӣ доранд.

Яке аз чунин мавзеъҳо, ки мо аз он дидан намудем, анбори заҳрхимикатҳои собиқ колхози ба номи Кирови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Ҷовидон-4, ҷамоати деҳоти Яккатут ҷойгир аст, мебошад.

Ба гуфти Саъдӣ Азизхоҷаев, раиси деҳаи Ҷовидон-4, дар дохили ин анбори собиқ панҷ оила ва ё беш аз 30 одам зиндагонӣ мекунанд. Онҳо ин мавзеи хавфнокро тақрибан 1-1,5 сол пеш барои зиндагии доимӣ интихоб кардаанд.  

- Ин анбор то солҳои 70-уми асри гузашта ҳамчун анбори захираи сӯзишворӣ истифода мешудааст ва баъдан онро ба анбори нигаҳдории нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо табдил додаанд, - мегӯяд Лочин Худоиев, ки солҳо дар ин анбор посбон шуда кор кардааст. 

Ба гуфти ин мусоҳиби мо, дар яке аз  ҳуҷраҳои ин анбор заҳрхимикатҳоро нигоҳ медоштанд.  Ва боқимондаҳои онро дар тарафи шарқии анбор зери хок мекарданд. “Баъди таҷдид шудани колхоз  анборро як сокини шаҳри Душанбе  бо номи Даврон Илясов хусусӣ гардонид. Хонаҳое, ки дар дохили майдони анбор сохта шудаанд, давоми як якуним сол бунёд гардидаанд. Тобистон бӯйи бад ҳис карда мешуд ва аввали  соли 2017 Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои байналминалӣ омада, он ҷоеро, ки заҳрхимикатҳо гӯронда шуда буданд, канда, заҳрхимикатҳо ва хоки онҷоро тарафи партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш бурданд. Пас аз бурдан буйи бад қариб ки ҳис намешавад. Бинои он анбореро, ки заҳрхимикатҳо дар дохилаш нигоҳ дошта мешуданд, вайрон карда,  боқимондаҳояшро дар як ҷо ҷамъаш карданд. Масоҳати сохтмони биное, ки заҳрхимикатҳо нигоҳ дошта мешуданд, 30-35 метри квадратиро ташкил медод”, - афзуд Л.Худоиев. 


Саъдӣ Азизхоҷаев мегӯяд, ки ин хонаҳо ягон ҳуҷҷати расмӣ надоранд ва онҳо вақте хостанд, ки хонаҳояшонро ба расмият дароранд, ба онҳо гуфтанд, ки ин манзилҳои шумо ҳуҷҷатгузорӣ намешавад. Баъди муроҷиаташон Идораи заминсозии ноҳия санҷиш гузаронд.

Мо хостем бо соҳибхонаҳое, ки атрофи собиқ анбори заҳрхимикатҳоро макони зист ихтиёр кардаанд, ҳамсуҳбат шавем, аммо, мутаассифона, онҳо аз сӯҳбат дар назди микрофон худорӣ карданд.


Наздиктарин манзил ба бинои нигаҳдошти заҳрхимикатҳо ин манзили Абдулхайр Сиддиқов мебошад. Завҷаи Абдулхайр гуфт, ки бештар аз як сол боз ин ҷо зиндагӣ мекунанд ва заминро чанд сол қабл гирифта будаанд. Аммо аз кӣ бо чӣ роҳ қитъаи заминро соҳиб шудаанд, гуфта натавонист. “Инро мардҳо медонанд”, - гуфт ӯ.

Хонаи Идибек Гулов низ дохили майдони анбор сохта шудааст ва худи соҳибхона дар муҳоҷирати меҳнатист. Ҳамсари Идибек низ ба мисли ҳамсояаш гуфт, ки аз раванди гирифтани замин ва ҳуҷҷатгузориаш хабаре надорад. “Мо ин ҷо гоҳ-гоҳ меоем ва бештар дар шаҳр зиндагӣ мекунем”, - баён кард соҳибхоназан. 

Тоҷиддин Имомов, сокини дигари ин мавзеъ, зимни сӯҳбат бо “АП” гуфт, ки аз ночорию беҷоӣ маҷбур шуд, дар ин мавзеъ манзил бисозад. “Ман  ки манзили зист надоштам, соҳибмулки ин мавзеъ иҷозат дод, ки дар як гӯшаи ин ҷо манзил бисозам. Мо як қисмати хонаамонро сохтем ва қисмати асосиашро чуноне мебинед, нав оғоз кардам. Имсол гурӯҳҳои корӣ омаданду сохтмонамро манъ карданд ва гуфтанд, ки сохтмон кардан манъ аст, зеро ин мавзеъ заҳрнок аст. Акнун намедонам, ки чӣ кунам ва куҷо равам. Мувофиқи маслиҳатамон бо соҳибмулк, ӯ бояд ҳуҷҷатҳои манзилҳои моро омода мекард”, - илова кард Т. Имомов.

Ба ин суол, ки “Оё ба соҳибмулк барои иҷозаи сохтмони манзилаш дар ҳудуди объекташ маблағе пардохт кардааст ё не?”,  Тоҷиддин посух дод, ки  не, пардохт накардааст.

Ҳамаи бошандагони ин мавзеъ мегӯянд, ки айни замон аз саломатии худ ва фарзандонашон шикояте надоранд. Онҳо ҳамагӣ мегӯяд, тобистон бӯйи бади заҳрро ҳис мекунанд. Вале баъди бурдани хокҳои заҳролуд буйи заҳр камтар шудааст. Сокинон тасдиқ карданд, ки манзилҳояшон ягон ҳуҷҷати расмӣ надошта, соҳибмулк Даврон Илясов ваъда дода буд, ки онҳоро ҳуҷҷатгузорӣ мекунад, аммо ҳоло бедарак аст.

Мақомот чӣ мегӯяд?

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба мо гуфтанд, ки баъди таҷдиди колхози собиқ Киров, ки баъдан номи Файзалӣ Саидовро гирифта буд, ин анбор аз тарафи сокини шаҳри Душанбе Даврон Илясов хусусӣ гардонида шуд. Ва тибқи қарори раиси ноҳия аз 25 июли соли 2013 таҳти рақами 334 бинои хусусӣ гардонидашудаи Даврон Илясов бо майдони 1,16 гектар, воқеъ дар деҳаи Ситораи Сурх, ҳозира Ҷовидон, ҷамоати деҳоти Яккатут ба фонди манзил гузаронида шудааст. 


Аммо Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзеъ мониторинг гузаронида, муайян кардааст, ки ин мавзеъ заҳрнок асту барои сохтмони манзил хавфи зиёд дорад. Аз ин хотир, бо назардошти пешниҳоди бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, Идораи Кумитаи замини ноҳия ва Маркази санитарию эпидемиологии ноҳия  Абдуҷаббор Баҳодурзода, раиси кунунии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо як қарори худ аз 18 майи соли 2017  таҳти рақами 664  қарори раиси собиқи ноҳия Акрам Сулаймонзодаро аз 25 июли соли 2013 таҳти рақами 334 “Дар бораи ба фонди манзил гузаронидани қитъаи замини бинои хусусӣ гардонидашудаи шаҳрванд Илясов Д. бо майдони умумии 1,16 га, воқеъ дар деҳаи Ситораи Сурх, ҷамоати деҳоти Яккатут” бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор кардааст.  Ва дар пункти дуюми ин қарор омадааст, ки масоҳати умумии 1,16 гектар ба ҳолати аввала баргардонида шавад ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати зикршуда қатъиян манъ карда шавад.

Кумитаи Идораи замини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар пешниҳоди худ овардааст, ки ин қитъаи замин бе гузаронидани ташхисҳои лабораторӣ ба фонди манзил гузаронида шуда будааст. Ва ташхисҳои лабораторие, ки баъдан гузаронида шуд, нишон доданд, ки хоки ин мавзеъ ба саломатии инсон хатари зиёд дорад. Аз ин хотир, Кумитаи идораи замини ноҳия аз раиси ноҳия дархост кардааст, ки қарори раиси ноҳия дар бораи ба фонди манзил гузаронидани мавзеи қайдшударо бекор кунад.

Абдуҷаббор Баҳодурзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар як сӯҳбати рӯ ба рӯ иброз дошт, ки бо даст ёфтани имконият ин мардум аз ин мавзеъ кӯчонда хоҳанд шуд. “Роҳбарияти ноҳия аллакай сари ин масъала фикр карда истодааст”, - афзуд ӯ. 


Ин дар ҳолест, ки муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Ҳабибулло Қодиров мегӯяд, ки чунин мавзеъҳои хатарзо, яъне заҳрнок натанҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, балки дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ мавҷуданд. “Даврони  шӯравӣ тамоми колхозу совхозҳо барои парвариши пахта ва нест кардани ҳашароти зараррасон аз заҳрхимикатҳои сахттаъсир истифода мекарданд. Аз ин хотир, дар тамоми колхозу совхозҳои пахтакор анборҳои нигаҳдории заҳрхимикатҳо сохта шуда буд. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ ва таҷдид шудани колхозу совхозҳо ин анборҳо бесоҳиб монданд ва мардуми маҳаллӣ дар дохил ва атрофи онҳо манзили зист сохтанд. Ин раванд аз солҳои 1995 оғоз шуд. 

Солҳои 2006-ум аллакай Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба омӯхтани ин анборҳо шурӯъ кард ва пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати кишвар ва Офиси Шведсарии фонди зидди минаҳо (FSD) ирсол намуд. Омӯзиш ва муайян намудани дараҷаи заҳрнокӣ ва хавфнокии анборҳо аз солҳои 2010 оғоз ёфт.  Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ муайян кард, ки дар ноҳияи Ҷайҳун чунин як анбор ҷой дораду дар он мардуми маҳаллӣ зиндагӣ мекунанд. Вақте мавзеъро аз ташхис гузарониданд, маълум шуд, ки сатҳи заҳрнокиаш хеле баланд буда, аз таъсири он аллакай чанд нафаре аз ин оилаҳо, аз ҷумла кӯдакон ба бемориҳои гуногун гирифтор шудаанд. Кумита барои ин чор оила манзили зист дар ҷойи бехавф сохта, онҳоро кӯчонид. Мавзеи дигар ин анбори собиқ колхози Кирови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад, ки аввали соли равон дар он ҷо бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва шарикони рушд иқдоми “Тозагии замин” гузаронда, дар доираи ин иқдом беш аз 100 тон хоки заҳролуд ба қабристони заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш интиқол дода шуд”, - гуфт Ҳ. Қодиров. 

1/10

Ин масъули Раёсати ҳифзи муҳити зист дар давоми сӯҳбаташ илова кард, ки мақомоти онҳо барои ба фонди манзил гузаронидани ин мавзеъ ягон хулосае надодааст. “Мардум аслан худсарона дар ин гуна мавзеъҳои заҳрнок аз надонистани сатҳи зарарнокӣ ва сатҳи пасти дониши ҳуқуқияшон сохтмон кардаанд”, - изҳор дошт ӯ.

Мо ҳарчанд кӯшиш кардем, ки Даврон Илясов, соҳибмулки собиқ анбори заҳрхимикатҳои деҳаи Ҷовидонро пайдо кунем, вале кӯшишҳоямон бенатиҷа анҷом ёфт. 


Ҳудуди санитарӣ бояд риоя шавад!

Ин дар ҳолест, ки ба андешаи намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии “Замини тоза” Умед Улуғов, ки солҳои зиёд ба таҳқиқи мавзеъҳои заҳрнок машғул аст, ҳудуди санитарӣ дар атрофи анборҳои заҳрхимикатҳо риоя нашудааст ва мардуми маҳаллӣ ин хатро убур карда, манзили зист сохтаанд. “Ҳудуди санитарии ин анбори заҳрхимикатҳо аз ҳисоби он, ки ин объекти хавфноки дараҷаи якум ҳисоб мешавад, на камтар аз 300 метр бояд бошад. Яъне дар масоҳати 300 метри атрофи ин мавзеъ ягон намуди сохтмон ва ё дигар амалҳо гузаронидан мумкин нест. Дараҷаи заҳрнокии мавзеъҳое, ки айни замон мардум манзили зист сохтаанд, аз меъёри муқарраршуда болотар аст. Инро ташхисҳои лабораторие, ки мо дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон гузаронидем, муайян намуд”, - изофа кард вай. 

Ин гуфтаҳои коршиноси болозикрро Раҳматулло Хайруллоев,  директори Муассисаи давлатии маркази миллии татбиқи конвенсияи Стокголм “Оид ба ифлоскунандаҳои фаъоли устувори органикӣ”, тасдиқ карда, иброз намуд, ки ташхисҳои лабораторӣ нишон доданд, ки дар ин мавзеъ ДДТ-25 ва дигар заҳрхимикатҳо мавҷуданд. “Ин биное, ки мебинед, бинои нигоҳдории заҳрхимикатҳо мебошад ва бо мурури замон он вайрон шудааст. Мардуми маҳаллӣ хиштҳои онро канда, истифода бурдаанд. Ин ҷо ҳамчун қитъаи мамнуъ аст ва  дар ҳудуди он тибқи муқаррароти  қонунгузории ҶТ ва Конвенсияи Стокголм роҳандозӣ намудани ҳамагуна фаъолият, аз ҷумла сохтмони хонаи истиқоматӣ  ва зистан қатъиян манъ аст”, - гуфт Р. Хайруллоев.

Пас, агар чунин бошад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, вилояти Хатлон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳуриро зарур аст, ки дар андешаи ба ҷойи амн кӯчондани сокинони ин мавзеъи хатарнок бошанд. Зеро саломатии ин хонаводаҳо зери хавф қарор дорад. 


(Маводи мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст. Масъулияти муҳтавои он ба зиммаи Сайраҳмон Назриев вогузор шуда,  мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад)