Чорабиниҳои асосӣ ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, шоми рӯзи 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо иштироки Президенти Тоҷикистон, аъзои ҳукумат ва аҳли ҷомеа бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Дар шоҳроҳи истиқлолият» барномаи ҷолиби театришуда баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, дар барнома намоиши бозёфтҳои эҷодии гурӯҳҳои ҳунарии кишвар ва истеъдодҳои ҷавон бо истифодаи техникаи муосири саҳнавӣ дар назар аст.
Тибқи маълумоти Вазорат, имсол, ки дар ҷумҳурӣ Соли ҷавонон эълон шудааст, дар консерти идона бештар ҳунармандони ҷавон ҷалб шудаанд. Дар барнома Ҷовид Нозимов, писари Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Зафар Нозим, актёрони Театри опера ва балет, ансамблҳои рақсии “Чаманоро” ва “Зебо”, ҳунармандони Филармонияи давлатӣ ва дигар санъаткорон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Имсол ҷашни Истиқлолият бидуни раҳпаймоӣ ва сафороии низомӣ доир мегардад. Дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт, аз ҷумла, боғи «Парчами давлатӣ», боғи «Устод Рӯдакӣ», боғи «Ирам», майдони 800-солагии Москва ва боғи «Дӯстии халқҳо», инчунин дар саросари кишвар сайругашти оммавӣ ва баргузории дигар чорабиниҳои идона низ ба нақша гирифта шудааст.
Имсол тоҷикистониён дар ид се рӯз пайи ҳам истироҳат мекунанд. Рӯзи ҷашни Истиқлолият, ки истироҳат эълон шудааст, имсол ба рӯзи шанбеи ҳафта рост омада, аз ин рӯ, барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ шанбе, якшанбе ва душанбе рӯзҳои истироҳат аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.