Тибқи шаҳодатнома, минбаъд ситорае дар кайҳон ба шарафи эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ, хоса силсилаи ахбори ӯ «Ҳафт ахтар» унвони «Зулф»-ро гирифтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, иқдоми мазкурро маркази ҷирмҳои осмонии Лондони Англия 15 июн – дар зодрӯзи шоираи тоҷик таҳти рақами 25290¬_415 ба қайд гирифта, тулӯи мустақимашро дар бурҷи Gemini 06H06m48.66s ва тамоилашро 23 ◦38’18.97” муайян намудааст.

Гуфта мешавад, Зулфия Атоӣ аз зумраи адибаҳои маъруфи тоҷик буда, шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, туркманӣ, гурҷӣ, франсузӣ, немисӣ, англисӣ ва ғайраҳо тарҷума шуда, интишор ёфтаанд.

Зулфия Атоӣ сардабири маҷалла барои бонувон «Фирӯза» аст, ки дар Тоҷикистон нашр мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.