Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷашни зодрӯзаш, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда ба саҳро баромада, 75 кило пахта ҷамъоарӣ намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин рӯз беш аз 300 нафар кормандони бахш, шуъба, раёсату сарраёсат, ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва намояндагони илму адаб ба хоҷагии деҳқонии "Сирдарё"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов омада, барои ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи пахтакорон ёрии худро расониданд.

1/8

Гуфта мешавад, ҳашарчиён давоми рӯз наздик 8,5 тонна "тиллои сафед" чида, ба хирман супориданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.