Раиси Шӯрои Федератсияи Россия Валенина Матвиенко ҳамроҳ бо раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба яке аз мактабҳои Душанбе, ки дар он омӯзгорони рус кор мекунанд, ташриф оварда, бо муаллимону хонандагони ин муассисаи таълимӣ суҳбат кард.

Дар яке аз синфҳо ӯ ба духтаре таваҷҷуҳ намуда, аз пурсид, ки рус аст ё на? Ҷавоби духтари хурдсол ҳамаро ба табассум водор намуд.

Ёдрас мекунем, ки Валентина Матвиенко ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Ӯ бо омӯзгорони аз Россия ба Тоҷикистон бакоромада вохӯрда, барои мактабҳои русзабони Тоҷикистон ба Россотрудничество китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва китобҳои бадеӣ тақдим намуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.