Дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт панҷ микрорайони нав таъсис дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.
Дар микрорайонҳои нав ба ҷуз биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти таъиноти иҷтимоӣ, дигар қариб ҳамаи бинову иншооти куҳнаву фарсуда кӯчонида мешавад.
Микрорайони нави 121 дар қаламрави маҳаллаи Испечак-1 бунёд мегардад. Микрорайон аз шимол кӯчаи Нусратулло Махсум, аз ҷануб – Канали калони Ҳисор, аз шарқ – чанде аз қисмати микрорайони 102-юм ва аз шарқ – мавзеи назди бинои сафорати ИМА дар Душанберо фаро мегирад.
Микрорайони нави дигар – 113-ум дар қаламрави маҳаллаи Испечак-2 бо фарогирии қисмате аз кӯчаи Нусратулло Махсум, аз шарқ – кӯчаи Ҳисор ва аз ғарб – кӯчаи Испечак ташкил карда мешавад.
Микрорайони сеюм – 31-ум аз шарқ – хиёбони Саъдии Шерозӣ, аз ҷануб – маҳаллаи Роҳи нав, аз шарқ – кӯчаи Раҳмон Набиев ва аз ғарб – кӯчаи Маяковскийро дар бар хоҳад гирифт.
Қаламрави микрорайони нави чорум аз маҳаллаи Чортут, аз шимол – кӯчаи Абай, аз ҷануб – маҳаллаи Хуҷандӣ ва кӯчаи Деҳотӣ, аз шарқ – хиёбони Борбад ва аз ғарб – Корхонаи истеҳсоли ноқил (Кабелный завод) иборат хоҳад буд.
Микрорайони панҷуми №10 дар қаламрави маҳаллаи Камонгарон бунёд гардида, аз шимол – кӯчаи Ҳувайдуллоев ва аз ҷануб – кӯчаи Клара Сеткинро дар бар мегирад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 феврали соли 2025
Интихоботи парлумонӣ-2025. Муҳимтарин нукоте, ки интихобкунанда бояд донад
Зеленский гуфт, омодааст истеъфо диҳад, “агар ин барои Украина сулҳ орад”
Қирғизистон мехоҳад дар ду гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон ҳамлу нақли мошинҳои боркашро назорат кунад
Алайҳи нафаре, ки бо гумони кордзании духтарчаи 7 сола дар Панҷакент боздошт шуд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст
Раиси нави ҲСТ: “Мехоҳем тавассути парлумон соҳиби қудрат шавем”
Ҳашт корманди Раёсати минтақавии гумрук дар Суғд аз мақомот пурра ронда шудаанд
“Эпидемия”-и “долларҳои сафед” ба Тоҷикистон ҳам расид
"Истиқлол" пас аз се сол боз Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард
Исроил раҳоии беш аз 600 зиндонии фаластиниро ба таъхир гузоштааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста