Омодагирӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамаҷониба ҷараён дорад. Барои дар сатҳи бояду шояд гузаронидани он ва болида гардонидани табъи меҳмонон баргузор намудани машқҳо лозим аст.

Дар дараи зебоманзари Қаратоғи шаҳри Турсунзода намоиши пеш аз ҷашни омодагирӣ ба таҷлили Наврӯз доир гардид. Ин чорабинро телевизиони Тоҷикистон наворбардорӣ намуда, меҳмонон аз пойтахт низ ҳузур доштанд. Мо ҳам онро наворбардорӣ кардем.

Таоми асосии ҷашн суманак шуморида мешавад. Бо тарзи таҳияи он дар шаҳри Турсунзода мо аз наздик ошно гардидем.

Ҳукуматдорони шаҳри Турсунзода ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ миннатдорӣ изҳор намуданд. Ҳама ба таҷлили ҷашн омодагии пурраи худро нишон доданд. Суруду таронахонӣ ва рақсҳо, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои баҳорӣ, пухтани суманак, қироати шеърҳо, бозиҳои халқӣ – ҳамааш дар сатҳи баланд баргузор шуд.

Акнун бо итминон метавон гуфт, ки таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Турсунзода муташаккилона ва бо шукӯҳу шаҳомат баргузор мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.