Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» дар деҳоти Тоҷикистон 37 муассисаҳои нави кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ сохта мешавад, ки 20-тои онҳо аллакай ба истифода дода шуда, боз 17-тоаш мавриди сохтмон қарор дорад.

Ин муассисаҳо дар 9 ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд, ҳамчунин Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта мешаванд, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияҳои Фархору Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Файзобод ва Ишкомшим бунёд карда мешаванд.

Барои амалисозии лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди трастии натиҷаҳои инноватсионӣ дар соҳаи тандурустӣ 33 млн. доллар маблағ ҷудо шудааст.

Гуфта мешавад, бо омӯзонидани кормандони тиб, сохтмон ва ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ ва аз ҳама муҳим, бо пешниҳоди тавсияҳои мушаххас ва ҳавасмандгардонии пулии кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои беҳтар тавассути равиши «маблағгузории натиҷаи фаъолият», лоиҳа ба боло бурдани сатҳи фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ нигаронида шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.