Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” интихоби журналистони маҳаллӣ (ҷамъиятӣ)-ро аз вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт эълон мекунад.

Барои рӯзноманигори маҳаллӣ будан лозим нест, ки шумо бояд ҳатман дар расонаҳо таҷрибаи корӣ ё маълумоти дахлдори рӯзноманигорӣ дошта бошед. Мо касонеро ҷустуҷӯ дорем, ки ба рушди ҷомеаи Тоҷикистон бетараф нестанд ва мехоҳанд, ки дар бораи одамон ва рӯйдодҳо дар минтақаи худ ба саросари кишвар маълумот пешниҳод карда тавонанд.

Номзадҳо ба мавқеи рӯзноманигори маҳаллӣ бар асоси озмун интихоб карда мешаванд. Пас аз интихоб номзадҳо аз давраи омӯзишии инфиродии онлайн гузашта, малакаҳои зеринро касб мекунанд:

- Асосҳои журналистика;

- Қобилияти дарёфти хабару рӯйдодҳои шавқовар;

- Дастрас кардани маълумот дар бораи боз хеле зиёд хабару рӯйдодҳо.

Пас аз гузаштан аз давраи омӯзиши онлайн рӯзноманигорони маҳаллӣ дар ҳамдастӣ бо ҳайати муҳаррирон ба кор пардохта, барои ҳар як маводи таҳиякардаашон ҳақмузди дахлдор мегиранд.

Барои иштирок дар озмун шуморо лозим аст, ки CV (ҳолнома)-и худро ба таври озод ва чанде аз ақида ва мавзӯъҳои маводи ояндаатонро ба нишонии почтаи [email protected] ирсол намоед. Дар мавзӯи мактуб зикри “Журналисти маҳаллӣ” зарур аст.

Лоиҳа бо дастгирии Internews дар доираи барномаи расонаҳои CAMP дар Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.