Бароятон тарзи рафторро ҳангоми оббозӣ гирдоварӣ намудем.

Танҳо давоми 20 рӯзи аввали тобистон бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар обанбору наҳр ва дарёву кӯлҳои Тоҷикистон 40 нафар ғарқ ва ба ҳалокат расиданд, ки аз ин шумор 21 нафарашон кӯдакони синни то 17-сола мебошанд.

Бино ба маълумоти КҲФ, сабаби ғарқшавии кӯдакон оббозӣ дар минтақаи мамнуъ ба шиноварӣ, надоштани қобилияту малакаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони худро назди обанбору наҳр ва кӯлу дарёҳо беназорат мегузоранд.

Мавсими обообозӣ дар Тоҷикистон аз 1 июн оғоз гардид. Қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ риоя карда, дар ҷойҳои барои шиноварӣ манъшуда ба об надароед. Дар инфографикаи мо тарзи рафтор ҳангоми оббозӣ.

 


Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.