Мақомоти Тоҷикистон талоши овардани 158 зан аз зиндонҳои хориҷро доранд. Дар ин бора Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи занон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои мавсуф, аз шумораи занон 90 нафарашон дар зиндонҳои Русия, 48 нафар дар давлатҳои Сурияву Ироқ ва боқимонда дар Чин ва Туркия қарор доранд.
Гуфта мешавад, ки заноне, ки зар зиндонҳои Сурия ва Ироқ қарор доранд бо ҷурми пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав ва ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни “Гурӯҳи Исломӣ” гунаҳгор дониста мешаванд. Аммо ба гуфтаи Марҳабо Олимӣ, Давлати Тоҷикистон ва гурӯҳи корӣ талош дорад, ки бегуноҳии ин занонро исбот намоянд, ки онҳо ҷабрдида ҳастанд.
- Бештари заноне, ки дар зиндонҳои Сурия ва Ироқ қарор доранд на гунаҳгор, балки ҷабрдида ҳастанд ва бештари онҳо ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Чун ин занон аз пайи шавҳар ё бо хоҳиши онҳо ба ин давлатҳо рафтаанд. Ҳоло талош дорем, ки бегуноҳии занон исбот гардад ва онҳо аз зиндонҳои Сурия ва Ироқ озод шуда, ба Тоҷикистон баргардонида шаванд. Ҳамчунин моддаҳое, ки ин занон маҳкуманд, сабук карда шаванд, - илова кард Марҳабо Олимӣ.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак 300 нафар занон қарор доранд, ки ҷиноятҳои гуногуни содир намудаанд ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила соле ду маротиба бо онҳо дидору суҳбатҳо мегузаронанд.
Инчунин раиси Кумитаи занон Идигул Қосимзода низ дар нишаст иброз намуд, ки баъди аз маҳбас озод шудани занон намояндагони кумита бо онҳо ҳамеша дар робита буда, аз кору фаълияти онҳо огоҳӣ доранд. Ва ҳатто ду маҳбус бо грантҳои президентӣ сарфароз гардида, соҳибкорони муваффақ мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳамаи ниҳодҳо рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.
Инҳо кӯдакони ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳҳои ифротгароӣ мебошанд, ки дар урдӯгоҳ ва ё зиндонҳои Ироқ қарор доштанд. Бархе аз онҳоро замоне волидон ҳамроҳашон ба Ироқ бурда, чандеи дигар аллакай дар ҳамон ҷо ба дунё омадаанд. Падари аксарияти онҳо кушта шуда, модаронашон барои ҳамдастӣ бо террористон дар зиндонҳои Ироқ қарор доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста