Осорхонаи Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов соли 2006 дар Хуҷанд боз шуд. Дар бунёди он саҳми оилаи худи ҳунарманд басо арзанда аст, ки тӯли чандин солҳо бо ҷидду ҷаҳд аксҳову лавҳаи эълони консертҳо, асбобу сарулибос ва лавозимоти шахсии овозхонро ҷамъоварӣ кардааст.

Директори осорхона, келини ҳунарманди мардумӣ Гулчеҳра Муродова дар чорабиниҳо ва лоиҳаҳои эҷодӣ фаъолона ширкат меварзад.

Соли 2015 осорхона мақоми давлатиро соҳиб шуда, айни замон дар он беш аз 3200 ашёву нигораҳои марбут ба ҳаёту эҷодиёти сароянда маҳфузанд.

Самти асосии фаъолияти осорхона тарғиби ҳаёт ва эҷодиёти овозхони маъруф миёни толибилмони мактабу коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои мусиқӣ, ҳамчунин меҳмонон ва сайёҳони шаҳр аст.

Ба гуфтаи Муродова, нимаи моҳи октябр сарояндаи машҳур ният дорад, ки дар Тоҷикистону Ӯзбекистон консертҳои пуршукӯҳ баргузор кунад.

1/27

Мавод дар доираи барномаи «Рузноманигорони мардумӣ», ки бо дастгирии  Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна - CAMP амалӣ мешавад, омода шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.