Дар Давҳа масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин кардани муҳоҷирони тоҷик дар Қатар баррасӣ мешавад. Сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Хисрав Соҳибзода бо вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои татбиқи амалии Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Қатарро оид ба танзими қувваи корӣ баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо инчунин атрофи таъсиси гурӯҳи кории байнисоҳавӣ оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар, имкони танзими давраҳои омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ ва ихтисосҳои мавриди ниёзи бозори меҳнати Қатар табодули назар карданд.
Созишнома байни ҳукуматҳри ду кишвар дар бораи ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар моҳи феврали соли 2019 ба имзо расид
Дар Вазорати меҳнати Тоҷикистон қаблан зикр карда буданд, ки дар сохтмони иншооти Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол - 2022 дар Қатар бештари коргарон аз кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ғарбӣ фаъолият доранд ва Қатар захираҳои меҳнатиро аз Тоҷикистон танҳо ба корҳои тиҷорат дар меҳмонхонаҳо, бахши алоқа, посбонӣ, хизматрасонӣ ба воситаҳои нақлиёт ва IT-технологияҳо ҷалб карда метавонад.
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат, ба Қатар фиристодани коргарон на тариқи ширкатҳои хусусӣ, балки тавассути Агентии шуғли назди Вазорати меҳнат бар асоси дархости корфармоҳои ин кишвар сурат мепазирад.
Имзои шартнома байни корфармо ва коргар мувофиқи Кодекси меҳнати Қатар дар назар аст. Қатар ба Тоҷикистон рӯйхати мутахасисонеро медиҳад, ки ба он талабот вуҷуд дорад. Дар навбати худ Тоҷикистон онҳоро омода ва ба Қатар мефиристад. Дар созишнома аз ҷониби корфармо пардохт шудани харҷи роҳ, суғурта, таъмин бо манзил, ҳамчунин фароҳам овардани шароити хуби кор пешбинӣ мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.