Фурӯшгоҳи таҷҳизоти “Голубой экран” ба ҷойи дигар мекӯчад. Бинои истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 9 кӯчонида мешавад.

“Айни замон амволи мағозаро ба яке аз чор биноҳои нав дар гузаргоҳи “Гардиши фурудгоҳ” бурда истодаанд”, - гуфт яке аз кормандони маркази хизматгузорӣ, ки дар ҳамсоягии фурӯшгоҳ ҷойгир аст.

Дар ҳамин ҳол, ба куҷо кӯчидани марказҳои хизматгузорӣ алҳол маълум нест.

Дар бинои хонаи истиқоматӣ, ки охири солҳои 50-ум сохта шудааст, мағоза ва маркази хизматгузории барои душанбегиҳо маъруфи “Голубой экран” фаъолият мекард.

Он ҳам ба мисли “Олами кӯдакон”, “Гардиши фурудгоҳ”, “Ватан”, “8 Март”, “Фрунзе” барои сокинони шаҳр нуқта ё худ нишонае буданд, ки бо зикраш дар куҷо воқеъ будани ин ё он иншоот ё кӯчаеро муайян мешуд. Ҳозир низ бо вуҷуди тағйири ному аллакай вуҷуд надоштани чанде аз биноҳо, мардум ин минтақаҳоро маҳз чунин ном мебаранд.

Лоиҳаи ин биноҳоро муҳандис-меъмор Петр Кузменко, бинокори шоистаи ҶШС Тоҷикистон, узви Иттифоқи меъморони Иттиҳоди Шӯравӣ, муаллифи лоиҳаҳои беш аз 200 бинои бузург дар Душанбе, хатмкардаи Донишгоҳи сохтмонии Полтава таҳия кардааст.

1/5

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.