Дар ҳамаи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аллакай як ҳафта инҷониб намоиши навори таблиғии «Coca-Cola» боздошта шудааст, ҳатто дар барномаҳое, ки ин ширкат онҳоро маблағгузорӣ мекунад.

Дар яке аз шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки онҳо ба рекламаи чунин нӯшокиҳо мухолиф нестанд, аммо дар Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ намоиши ин наворҳоро ба онҳо манъ кардаанд.

“Аслан, Кумита намоиши наворҳои рекламаи нӯшокиҳои «Coca-Сola»-ро дар телевизион манъ кард. Сабаби он ба мо номаълум аст. Баръакс, мо ба намоиши ин реклама манфиатдорем, чунки сарчашмаи даромади иловагӣ барои мо мебошад”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи рекламаи шабакаи дигари телевизион.

Дар Кумитаи телевизион ва радио маълумотро дар бораи манъ кардани пахши чунин наворҳо тасдиқ карда, аз шарҳи сабаби он худдорӣ варзиданд.

“Рекламаи ҳамаи нӯшокиҳои газдор манъ аст. Рекламаи нӯшокиҳои зараровар ва маҳсулоти бе сертификати мутобиқат, ҳамчунин рекламаи нӯшокиҳои спиртӣ дар телевизион манъ аст. Барои дарёфти маълумоти муфассал дар ин хусус ба раҳбарияти Кумита муроҷиат кунед”, - гуфтанд ба “Азия-Плюс”дар шуъбаи тиҷоратии Кумитаи радио ва телевизион.

Мо ба қабулгоҳи раиси Кумита занг задем, аммо дар он ҷо боз тавсия доданд, ки ба шуъбаи тиҷоратӣ муроҷиат кунем.

Бехабарии рекламадиҳандагон

Онҳо дар бораи сабабҳои манъи рекламаи нӯшокиҳои газдор чизе намедонанд ва ба мактуби фиристодаашон дар ин бора посухи расмиро мунтазиранд.

“Моро дар бораи манъи рекламаи «Coca-Сola» дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон огоҳ накарданд. То ҷое, ки воқифем, манъ реклама ба ҳамаи нӯшокиҳои газдор ва энергетикҳо дахл дорад. Доир ба сабабҳои монеагузорӣ посухи расмӣ гирифтан муяссар нашуд. Дар ин бора бо номаи расмӣ муроҷиат карда, акнун ҷавобашро мунтазирем”, - иттилоъ доданд ба “Азия-Плюс” дар агентии TAG, ки ба рекламаи маҳсулоти «Coca-Сola» дар Тоҷикистон машғул аст.

Чун масъаларо расман шарҳ намедиҳанд, дар ҷомеа фарзияҳои гуногуни он баррасӣ мешавад. Бархе тахмин мезананд, ки ин ба мубориза бо фарбеҳӣ дар кишвар рабт дорад.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи сентябр ин масъала дар ҷаласаи навбатии ҳукумат таҳти раёсати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд. Зимнан дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.

“Зарурати таҳияи лоиҳаи қарори мазкур афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, зеро фарбеҳӣ аз ҷиҳати фавту маъюбӣ дар ҷойи намоён меистад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир кам истеъмол намудани нахҳои ғизоӣ ва зиёд истеъмол кардани хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои оддӣ ва намак ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардааст”, - хабар дода буд он замон хадамоти матбуоти раисҷумҳур.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.