Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии пасандоз дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе яке аз ҷорабиниҳои ҳамасолаи ҷолибу дӯстдошта - «ИМОНЛЭНД» доир гардид.

Барои ҳар кадоме аз кӯдакон, ки дар чорабинӣ иштирок кард, ин як рӯзи пур аз мазмуну бозёфтҳои нав буд.

Ҳадаф аз чорабинӣ баланд бардоштани саводнокии молиявии кӯдакон ва шиносоии наздик бо ниҳоди молиявии мост.


Чорабинии мазкур дар ҳамдастӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкории байнулмилалии "Sparkassenstiftung für internationale Kooperation e.V. Tadschikistan" баргузор шуд.


Дар ин лоиҳаи ҳамасолаи ҷолиби мо кӯдакони синни аз 3 то 17-сола ширкат варзиданд. Бо ифтихор гуфта метавонем, ки барои ҳар кадоме аз кӯдакон «ИМОНЛЭНД» ба ҷойи дӯстдошта мубаддал гардид.

Бале, чунки дар он қаҳрамонҳои дӯстдоштаи филмҳои тасвирӣ гирдоварӣ шудаанд!

Донотарин иштирокчиён, ки ба саволҳо дуруст ҷавоб доданд, ба пулҳои махсуси мо “имонник”-ҳо соҳиб шуда, ба онҳо ҷоизаҳо харида тавонистанд.


Қобили зикр аст, ки дар ҳамаи 27 филиал ва дафтарҳои кории хизматрасонии ТҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» моҳи саводнокии молиявӣ баргузор шуд. Давоми як моҳ ба ҳамаи муштариён дар бораи қарзгирии оқилона машваратҳои молиявӣ дода шуда, барои кӯдакону ҷавонон тренингҳои молиявӣ гузаронида шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.