Дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе то соли 2030 дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 эстакадаи нав сохта мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз шаҳрдории Душанбе хабар дод.
Манбаъ қайд кард, ки лоиҳаҳои сохтмони эстакадаҳои се ва дусатҳа дар мавзеъҳои Сирки давлатӣ, гардиши Комбинати нассоҷӣ (Текстил) ба самти Комбинати гӯшт (Мясокомбинат), гардиши фурудгоҳ, Комбинати равғану шир, сафорати ИМА дар Душанбе, маҳаллаи 102, дарвозаҳои ғарбии пойтаахт, Корхонаи сементбарорӣ, бозори”Корвон” дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.
Ба гуфтаи манбаъ, эстакадаҳои нав дар пойтахт аз ҳисоби буҷети шаҳр ва маблағҳои сармоягузорӣ сохта мешаванд.
Айни замон дар маҳаллаи Қарияи Боло сохтмони эстакадаи дуюми сесатҳа дар шаҳри Душанбе дар арафаи анҷомёбист.
Аз рӯйи лоиҳа дар сатҳи дуюми ин эстакада роҳи ҳалқавӣ сохта шудааст, ки ҳаракати он тариқи чароғакҳо танзим ва идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб пули 125-метра бунёд шудааст.
Дар лоиҳаи мазкур бунёди 4 гузаргоҳи зеризаминӣ барои пиёдагардон низ пешбинӣ шудааст. Корҳои амалисозии лоиҳа моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, охири ҳамин сол анҷоми он дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки амалисозии лоиҳаи ба ин монанд охири моҳи июли соли 2016 дар маҳаллаи 82-юми Душанбе шурӯъ шуда, тобистони соли гузашта мавриди истифода қарор гирифт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2025
15 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва аз саҳмияҳо кай даромад мегиранд?
Сохтмони метро дар Душанбе тобистони имсол оғоз мегардад
Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва имзои чанд санад. Бархе ҷузъиёти сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон
Таассуроти самимии рӯзноманигорони “The New York Times” аз истироҳатгоҳи “Хоҷа Обигарм”
Тоҷикистон дар рейтинги қобилияти зеҳнӣ дар ҷои чандум аст?
Тулӯъ ва ғуруби “Помир”. Чӣ тавр корхонаи маъруфи яхдон дар Душанбе моли таърих шуд?
Нархи нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Манъи кор барои муҳоҷирон дар чанд самти дигар дар Воронеж
Шаш узви Ҳизби комунистии Тоҷикистон ҳам мехоҳанд вакили парлумон шаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста