Дар Ҷашнвораи байнулмилалии филмҳои мустанади “Артдокфест”, ки аз 5 то 12 декабр дар шаҳрҳои Маскав ва Сант-Петербурги Русия доир мегардад, филми мустанади коргардони тоҷик Далер Имомалӣ “Умар-ако” намоиш дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки айни замон ин филм дар Киноҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” дар Тоҷикистон иштирок дорад.
Дар Артдокфест” ҳамчунин филмҳо аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон намоиш дода мешаванд. Ҷашнвора дар кинотеатри «КАРО-Октябрь» дар Новый Арбат гузаронида мешавад.
Ба ҷуз озмуни асосӣ, инчунин барномаи «После Союза.doc» баргузор мешавад, ки дар он филмҳои мустанади кишварҳои фазои пасошӯравӣ: Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Молдова, Украина ва Тоҷикистон гирдоварӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.