Маблағгузорӣ ба аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ аз ҳисоби буҷети давлат нисбат ба маъракаҳои интихоботии солҳои пешин ду баробар меафзояд.

Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии расман сабтиномшудаи Тоҷикистон, ки номзадҳои худро тибқи рӯйхати ҳизбӣ ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ мекунанд, барои баргузории маъракаи пешазинтихоботӣ ҳар кадоме 50 ҳазор сомонӣ (интихоботи соли 2015 – 25 ҳазор сомонӣ) маблағ мегиранд.

Ғайр аз ин, ба ҳамаи номзадҳо ба вакилӣ пас аз бақайдгириии расмии онҳо дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои пеш аз интихоботӣ 5 ҳазор сомонӣ (интихоботи соли гузашта – 3 ҳазор сомонӣ) маблағ дода мешавад.

Тибқи қонунгузории интихоботии кишвар, 22 нафар аз 63 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ, ки дар анҷумани пешазинтихоботӣ тасдиқ шудааст, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб мешаванд. Ҳамзамон 41 вакили палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ интихоб мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.