Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон пешниҳод кард, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад.
“Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад. лекин имконоти Тоҷикистон дар ин самт хеле бузург аст”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи сарвари давлат, зарур аст, ки дар соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.
“То имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидааст. Ба ақидаи ман, ҳукумат бояд шумори имтиёзҳоро ба ширкатҳои сайёҳӣ зиёд кунад”, - қайд кард президент.
Сарвари давлат ба ВКХ Тоҷикистон дастур дод, ки ба ҳамаи хориҷиёне, ки ба иқтисоди Тоҷикистон зиёда аз 1 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ мекунанд, ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад.
Дар доираи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", ҳамчунин бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон, пешниҳод мегардад, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад.
“Илова бар ин, бо мақсади соддагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад. Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати татбиқи пешниҳодҳои мазкур лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад”, - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.