Шурӯъ аз имрӯз, 31-уми декабр дар хатсайри мусофирбари №16 байни маҳаллаҳои “Чаноро” ва “Чортеппа” микроавтобусҳои нави муосир ба равуо сар карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, микроавтобусҳои нави муосир таҳти номгузории хатсайри мардумии  "Мусича" сафарбар карда мешаванд.

Гуфта мешавад, раванди пардохти ҳаққи роҳкиро дар микроавтобусҳои мазкур пурра тариқи ғайринақдӣ сурат гирифта, нархи роҳкиро 1 сомониву 60 дирам муқаррар шудааст.

Микроавтобусҳои нав дар Туркия аз ҷониби ширкати AKIA истеҳсол шудааст. Нахуст 3 модели микроавтобусҳои дар Туркия истеҳсолшуда ба роҳҳои Душанбе бароварда мешаванд. Васлу насби силсилавии моделе, ки аз ҳама бештар ба душанбегиҳо ва меҳмонони пойтахт писанд меояд, дар пойтахти Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Ба истеҳсоли силсилавии микроавтобусҳои нав дар Душанбе ширкати Akia Avesto Automotive Industry-и Тоҷикистону Туркия машғул хоҳад шуд, ки автобусҳои туркии тамғаи AKIA истеҳсол мекунад.

Тавре қаблан хабар дода будем, бо супориши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия Akia Avesto Automotive Industry, ки ба васлу насб ва истеҳсоли автобусҳои туркии тамғаи AKIA машғул аст, то охири соли равон васлу насби мусофиркашҳои хурдро ба роҳ мемонад. Нимаи моҳи ноябр зимни суханронӣ дар палатаи поёнии парлумон сарвари иҷроияи ҶДММ «Авесто Групп» Зафар Бурҳонзода изҳор дошт, ки аллакай 3 модели тайёри микроавтобусҳо ба шаҳри Душанбе оварда шудаанд.

Имрӯз барои хизматрасонӣ ба мусофирони пойтахт шабонарӯзӣ наздики 1 ҳазору 300 адад микроавтобусҳо мебароянд, ки асосан тамғаи Мерседес” мебошанд. Шаҳрдорӣ тадриҷан онҳоро бо микроавтобусҳои истеҳсоли ватанӣ иваз карданист, аммо барои ин ҳадди ақал 10 сол лозим аст.

Ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия Akia Avesto Automotive Industry моҳи январи соли 2018 таъсис шудааст. Он мувофиқи созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон, ҶДММ “Авесто Групп” ва ширкати туркии Ulasim IC YE DIS TICARET Anonim Sirketi амал мекунад.

AKIA AVESTO нахустин ва ягона ширкат дар Тоҷикистон аст, ки мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ автобус истеҳсол мекунад.

Иқтидори корхона истеҳсоли 300 адад мусофирбар дар як сол мебошад. Ширкат 5 навъи автобусҳои дохилишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ истеҳсол мекунад.

Автобусҳои «AKIA» ба меъёрҳои байнулмилалии «Евро-5» мутобиқ буда, бо муҳаррикҳои ширкати маъруфи «Мерседес Бенс» ва ширкати олмонии «Zahnrad Fabrik» муҷаҳҳаз мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.