Дар Вазорати нақлиёти кишвар рӯзи душанбе, 30-юми декабр Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон оид ба сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод) Ҷайҳун Панҷи Поён (Тоҷикистон)  Шерхон Бандар (Афғонистон) ба имзо расид.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ иттилоъ медиҳад, Созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон вазири нақлиёти кишвар Худоёр Худоёрзода ва аз ҷониби Афғонистон сардори идораи роҳи оҳани Афғонистон Муҳаммад Ямо Шамс имзо гузоштанд.

Дар хусуси таҳияи Созишномаи мазкур ҷонибҳо дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ, ки рӯзҳои 5-6 июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба мувофиқа расиданд.

Гуфта мешавад, ки ин Созишнома аҳаммияти стратегӣ дошта, барои татбиқи лоиҳаҳои бунёди хатти роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ва Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон, инчунин барои пайвастан ба роҳҳои оҳани минтақа ва баромадан ба бандарҳои обӣ (Бандар Абос, Чорбаҳор ва Гавадар) замина мегузорад.

“Доираи татбиқи Созишномаи мазкур вобаста ба масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон (Ҷалолиддини Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён (Тоҷикистон) – Шерхонбандар (Афғонистон) бо ҷалби самоягузории хориҷӣ анҷом дода мешавад”, - омадааст дар хабари вазорат.

Зикр мешавад, ки дар ин замина бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба маблағгузорӣ ва таҳияи Асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони роҳи оҳани мазкур вохӯриҳо доир шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.