Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, аз 1-уми январи соли 2020 ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокшуда ҳар моҳ ба андозаи 100 сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда мешавад.

Ба иштирокчиёни бартараф кардани оқибатҳои садама дар нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил аз ҳисоби буҷет ҳар моҳ 80 сомонӣ кумакпулии иловагӣ ҷудо хоҳад шуд.

Бо ин мақсад соли 2020 аз буҷети вилоят дар маҷмӯъ ҳудуди 1 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.