Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми январ дар маросими ба истифода додани мактаби №65 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт иштирок кард. Дар ҷараёни он сарвари давлат бо хонандагоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ ҷоизаҳо ба даст овардаанд, суҳбат кард.
Сарвари давлат аз писараки 10-сола Бенямини Илҳом, ки яке аз ҷоизадорони озмуни адабии ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” мебошад, пурсид:
“Падару модарат чӣ кор мекунанд?”
Бенямин посух дод, ки модараш хонашину падараш сарҳадбон аст.
Сарвари давлат ҳамчунин аз ӯ пурсид: “Оянда кӣ шудан мехоҳӣ?”
Писарча дар ҷавоб гуфт: “Духтур” ва ногаҳон гиря кард.
“Чаро гирия мекунӣ, кӣ дар хонаатон бемор аст?”, - пурсид аз хонанда Эмомалӣ Раҳмон. Бенямин ҷавоб дод, ки худаш бемор буда, духтурон гуфтаанд, ки муолиҷаи бемориаш дар хориҷи кишвар имкон дорад.
Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки ин кӯдакро бепул табобат карда, оид ба иҷрои ин супориш ҳисобот диҳанд.
Суратгузориш аз мактаби наве, ки дар маросими ифтитоҳи он президент ҳузур дошт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Дарвозаҳои электронӣ”. Интизории тӯлонӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба поён мерасад?
Иштироки ҷудокорони тоҷик дар охирин мусобиқаи ҷаҳонии мавсими имсола
Муҳлати ҳабси тоҷикистониёни гумонбар ба амали террористӣ дар “Крокус” тамдид шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Имон овардани Билқис”
Як куштаву чор захмӣ. Чин аз Тоҷикистон таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба шаҳрвандонашро дархост намуд
Ҳоҷатхона дар куҷост? “Азия-Плюс” харитаи ҳоҷатхонаҳои Душанберо омода кард
Мактберо дар Рӯдакӣ ба номи забоншинос Ҳомид Маҷидов гузоштанд
“Хостори хуб шудани муносибат ҳастем”. Як намояндаи Толибон дар бораи равобит бо Тоҷикистон сухан гуфт
Боздошти 15 ноболиғ дар Душанбе баъди нашри навори сангпартоӣ
Филармонияи давлатии Тоҷикистон навсозӣ шуд. Чӣ тағйир ёфт ва чанд пул сарф шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста