Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон  сарвари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ҳайати шахсии кумита мулоқот кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, дар мулоқот масъалаҳои муқовимат бо экстремизм ва терроризм, ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои бунёдгаро мавриди суҳбат қарор гирифт.

Раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ зикр намуд, ки экстремизм ва терроризм як нерӯи вайронгари тафаккури инсон ва ҷисму ҷони вай буда, бояд ба муқобили он муборизаи беамон бурд.

“Идеологҳои экстремизм ва  терроризм даъват мекунанд, ки ҳамаи намояндагони динҳои дигар аз заминҳое, ки дар он мусалмонон зиндагонӣ мекунанд, бояд раванд ва ба муқобили ҳукуматҳое ҷанг эълон кардаанд, ки ба ақидаи онҳо исломӣ нестанд ва ин ақидаву ғоя инсониятро ба партгоҳе тела медиҳад”, - гуфт ӯ.

Бино ба гуфтаи сарвари мусалмонони Тоҷикистон, мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок бе роҳандозии корҳои таблиғотӣ маъно надорад.

“Бояд асли ислом ва ҳадафи ин гуна гурӯҳҳои тундравро ба мардум расонд. Васитаҳои мухталифи таъсиррасонро бояд истифода кард. Яке аз ин роҳҳо муколама бо мардум аст, бо роҳҳои суолу ҷавоб метавон ҳадафи тундравонро фаҳмонд ва аз вуруди ҷавонону наврасон ба сафи онҳо ҷилавгирӣ кард”, - иброз дошт ӯ.

Муфтии Тоҷикистон дар суханронии худ ҳамчунин дар бораи стратегияи Шӯрои уламои кишвар дар мавриди ба ҷавонон расонидани арзишҳои аслии ислом, равона сохтани онҳо ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва дурӣ аз ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав нақл кард. Вай ҳамчунин ба як силсила тарҳҳое низ ишора кард, ки онҳоро Шӯрои уламо барои расидан ба ин ҳадафҳо амалӣ месозад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.