Имрӯз мавлуди сарояндаи “Республикаи ман” шодравон Аҳмад Бобоқулов аст. Хабарнигори “Азия-Плюс” бо дӯстону шогирдони ӯ суҳбат карда, аз ҳаёту фаъолияти касбии ин овозхони маъруф пурсон шуд.

Агар Аҳмад Бобоқулов дар Италия мебуд...

Ҳофизи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов мегӯяд, Аҳмад Бобоқулов садое дошт, ки дар байни ҳунармандони тоҷик пайдо шудани ин гуна овоз амри муҳол аст.

- Агар Аҳмад Бобоқулов дар Италия, ё ҳадди ақал дар Русия мебуданд, овозаашон дунёро пахш мекард. Он кас классикаи аврупоиро хеле зебо месуруданд, монанди Шашмақоми тоҷикӣ. Падарашон Бобоқул Файзуллоев ва Шоҳназар Соҳибову Фазлиддин Шаҳобов бо дастгирии Бобоҷон Ғафуров ва Садриддин Айнӣ китоби Шашмақоми тоҷикро навиштаанд, - мегӯяд Ҷӯрабек Муродов.

Вай афзуд, ки Аҳмад Бобоқуловро ҳунари падар ҷониби худ кашид ва ба сарояндагӣ рағбат пайдо кард.

“Дар баробари унвонҳои баланд ва санъати воло доштан, инсони хоксор ва заминӣ буданд. Некиашон ба одамон хеле зиёд мерасид. Дар бораи он кас ҳарфи баде нашунидаам. “Республикаи ман” дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ овозадор буд ва то имрӯз яке аз сурудҳои беҳтарин боқӣ мондааст”, - гуфт ӯ.

“Ҳеҷ гоҳ бахилӣ накунед”

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, овозхони опера Миралӣ Достизода мегӯяд, Аҳмад Бобоқулов яке аз асосгузорони операи тоҷик ба ҳисоб меравад.

- Яке аз ҳунармандони ниҳоят барҷаставу шоистаи миллат буд, ки овозхонии операи касбиро дар Тоҷикистон поягузорӣ ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Ӯ овози ғулғуладор ва ҷозибанок дошт. Замони фаъолият дар театр пайваста консертҳо барпо карда, ба сафарҳои ҳунарӣ мерафт. Дар баробари ин, ба тайёр кардани шогирдон аҳаммияти ҷиддӣ медод. Мехост шогирдон сарояндаи касбӣ шуда, дар ҷодаи овозхонии операи тоҷик нақши худро гузоранд. Заҳмату талоши чунин устодон ба мисли Аҳмад Бобоқулов буд, ки имрӯз бисёр аз шогирдони он кас дар саҳнаи театр ва берун аз Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд, - гуфт Достизода.

Ӯ мегӯяд, набудани Устод баръало мушоҳида мешавад. 

- Мо дар ҳар нишаст бо ифтихор аз ӯ ва гуфтаҳояш ёд мекунем. Насиҳати доимии Аҳмад Бобоқулов барои шогирдонаш чунин буд: “Солҳои 70-ум, вақте мо дар донишкадаи санъат таҳсил мекардем, он солҳо устодони овозхонҳои опера кам буданд. Писаронам, заҳмат кашед, чун ин касб корҳои рӯякӣ ва хасакиро намеписандад. Агар ҳунарманди асил шудан хоҳед, шабурӯз меҳнат кунед, заҳмат кашед. Вақте инсон меҳнат намекунад, ӯ ба ҷое намерасад. Дар саҳна ҳар овозхон ҷойгоҳи худро дорад. Ҳеҷ кас ҷойи касеро гирифта наметавонад. Ҳеҷ гоҳ ба якдигар бахилӣ накунед ва ҳамдигарро эҳтиром намоед, - ёдовар шуд Достизода.

Хотироте, ки фаромӯш намешаванд...

Бурҳон Маҳмадқулов, яке аз шогирдони аввалини Аҳмад Бобоқулов мегӯяд, дар ҳама сафарҳо устодашро ҳамроҳӣ мекард. Устод пайваста ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои дигар сафарҳои ҳунарӣ дошт.

- Ман бо дастгирии устод Аҳмад Бобоқулов ба Маскав рафтам ва он ҷо аз профессоре, ки ӯро тарбия карда буд, таълим мегирифтам. Устод бо сафарҳои корӣ ва ҳунарӣ хеле зиёд ба Маскав меомаданд ва мо вомехӯрдем. Устод маро ҳамроҳи худ гирифта, ба барномаҳои корсертиашон мебурданд. Инчунин мо якҷо барои сабти таронаҳояшон мерафтем. Доимо мегуфтанд: “Ин ҷо нишаста, гӯш кун, шояд барои худ чизе бигирӣ”. Дар баробари асарҳои бастакорони тоҷик, таронаҳои халқиро низ хеле зиёд сабт мекарданд. Аз устод хотироте дорам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешаванд, - мегӯяд Маҳмадқулов.

Онҳо бо Аҳмад Бобоқулов ба нишасту маъракаҳои тӯй мерафтанд ва якҷо овозхонӣ мекарданд.

- Баъзан мешуд, ки мо дар хонаи соҳиби тӯй шабро саҳар мекардем. Шаб ман таронаҳои аз устод шунидаамро замзама мекардам. Ёдам ҳаст, боре соат 2 ё 3-и шаб буд, ки сурудеро замзама мекардам ва ногаҳон устод гуфтанд: Бурҳон, хез чароғро фурӯзон бикун!” Вақте равшан кардам, гуфтанд: “Ту сурудро хато хондӣ! Ин ҷо бинишин, набояд хато хонӣ!”. Баъдан бо дасташон ба миз кӯфтанд ва оҳангро навохта, гуфтанд: “Бояд ин тавр хонӣ!” Он шаб мо бо ҳам муддати якуним соат машқи овозхонӣ кардем, - гуфт шогирди Аҳмад Бобоқулов.

Маълумотнома

Аҳмад Бобоқулов 17-уми январи соли 1931 дар оилаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Бобоқул Файзуллоев ба дунё омадааст.

Баъд аз хатми мактаби миёна соли 1949 ба Консерваторияи Маскав дохил шуда, аспирантураи онро дар соли 1962 хатм кардааст.

Солисти Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ (1954-56 ва 1966-1981) ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон (1956-1966), роҳбари бадеии Ансамбли мақомхонони Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ буд. Ҳамзамон солҳои 1967-1975 дотсент, профессор ва мудири кафедраи вокали факултаи санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко ва аз соли 1976 устоди факултаи вокал ва театрию операвии ДДСТ ба номи М.Турсунзода буд.

Аҳмад Бобоқулов аз имконоти вокал моҳирона истифода карда, мекӯшид, ки бо овози ширадору таъсирбахшаш нозуктарин тағйироти ботинию зоҳирии инсонро ифода созад. Ӯ ҷанбаи ғоявии асарро дарк карда, дар тарзи иҷро услубу меъёри хос дошт. Барномаи консертияш асарҳои композиторони ғарбу рус ва шӯравиро фаро мегирифт. Арияҳои мураккаб ва романсҳои қадимию сурудҳои тантанавиро низ самимона иҷро мекард.

Аҳмад Бобоқулов сарояндаи нотакрори сурудҳои мардумӣ ва классикии тоҷик “Шашмақом” буд. Ӯ тарзу услуби мақомсароӣ ва назокатҳои онро аз падараш омӯхта, дар фаъолияти овозхонияш бо тозаҳунарӣ истифода кардааст ва такмил додааст. Ба ҳофизони Ансамбли мақомхонони Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ қисматҳои алоҳидаи “Шашмақом”-ро омӯзонда, анъанаҳои овозхонии устодон Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобовро ёд додааст.

Ба шаҳрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои Афғонистон, Индонезия, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Канада, Австрия, Олмон сафарҳои ҳунарӣ карда, дастовардҳои хосси мусиқии тоҷиконро муаррифӣ намудааст. Ширкаткунандаи 3 симпозиуми байнулмилалии мусиқишиносӣ (Самарқанд – 1978, 1983, 1987), фестивал ва симпозиуми ҷаҳонии мусиқӣ ба ифтихори 1400-умин зодрӯзи Борбад, даҳҳо рӯзҳои адабиёту фарҳанги тоҷик дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики хориҷӣ мебошад.

Дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1966), Ҷоизаи Борбад (1990).

Дар ин матлаб видеоҳои YouTube аз сафаҳоти Habibsl, Сергей Воронин ва Фирдавси Хандулло истифода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.