Дар муддати каме бештар аз 1 шабонарӯз шумори қурбониёни коронавирус то 80 нафар расид (қаблан дар бораи фавти 56 нафар хабар дода шуд).

Тавре хабаргузории РБК иттилоъ медиҳад, боз 5,7 ҳазор нафар, ки метавонанд аз вируси нави роҳҳои нафас сироят ёфта бошанд, зери муоинаи табибони Чин қарор дошта, 461 нафарашон, ки сироят ёфтанашон  тасдиқ шудааст, дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар саросари ҷаҳон 2 744 ҳодисаи сироят аз коронавируси нав ба қайд гирифта шудааст. Дар Таиланд 7 шахси сироятёфта, дар Сингапуру Австралия 4-нафарӣ, Ҷопон, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса ва ИМА - 3-нафарӣ ва Ветнам - 2 нафар шахсони сироятёфта ошкор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи сироят ба коронавируси нав ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре аз Вазорат хабар доданд, дар фурудгоҳи кишвар ва дидбонгоҳҳои назоратӣ дар сарҳад нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ кор карда, тепловизор ва термосканерҳо гузошта шудаанд. Дар сурати зарурат кори ин нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамчунин хабар медиҳад, хуруҷи бемории сироятии коронавирус, ки дар кишвари Чин боиси марги даҳҳо ва сирояти ҳазорон кас шудааст, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст.

Аз рӯзи 23-юми январ иртиботи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин муваққатан, тахминан то рӯзҳои 2-4 феврал қатъ шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.