Микрорайони нав дар майдони 40 гектар сохта шуда, қаламрави кӯчаҳои Шевченко, Бухоро (собиқ Свириденок) ва Ҷалол Икромӣ (собиқ Чапаев)-ро дар бар мегирад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, корҳои лоиҳакашии бунёди микрорайони нав аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти шаҳрдорӣ дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе иҷро шуда, сохтмони он моҳи сентябри соли 2021 пурра ба анҷом мерасад.

Дар микрорайони нав 75 манзили баландошёна, иншооти соҳаи маориф, таъиноти иҷтимоӣ ва биноҳои маъмурӣ бунёд мешаванд.

Тавре қаблан хабар дода будем, дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт 5 микрорайони нав таъсис дода мешавад.

Дар микрорайонҳои нав ба ҷуз биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти таъиноти иҷтимоӣ, дигар қариб ҳамаи бинову иншооти куҳнаву фарсуда кӯчонида мешавад.

Онҳо дар куҷо сохта мешаванд?

Микрорайони нави 121-ум дар қаламрави маҳаллаи Испечак-1 бунёд мегардад. Микрорайон аз шимол кӯчаи Нусратулло Махсум, аз ҷануб – Канали калони Ҳисор, аз шарқ – чанде аз қисмати микрорайони 102-юм ва аз ғарб – мавзеи назди бинои сафорати ИМА дар Душанберо фаро мегирад.

Микрорайони нави дигар – 113-ум дар қаламрави маҳаллаи Испечак-2 бо фарогирии қисмате аз кӯчаи Нусратулло Махсум, аз шарқ – кӯчаи Ҳисор ва аз ғарб – кӯчаи Испечак ташкил карда мешавад.

Микрорайони сеюм – 31-ум аз шарқ – хиёбони Саъдии Шерозӣ, аз ҷануб – маҳаллаи Роҳи нав, аз шарқ – кӯчаи Раҳмон Набиев ва аз  ғарб – кӯчаи Маяковскийро дар бар хоҳад гирифт.

Қаламрави микрорайони нави чоруми 52-юм аз маҳаллаи Чортут, аз шимол – кӯчаи Абай, аз ҷануб – маҳаллаи Хуҷандӣ ва кӯчаи Деҳотӣ, аз шарқ – хиёбони Борбад ва аз ғарб – Корхонаи истеҳсоли ноқил (Кабелный завод) иборат хоҳад буд.

Микрорайони панҷуми №10 дар қаламрави маҳаллаи Камонгарон бунёд гардида, аз шимол – кӯчаи Ҳувайдуллоев ва аз ҷануб – кӯчаи Клара Сеткинро дар бар мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.