Гурӯҳи аввали шаҳрвандоне, ки баъди бозгашт аз Чин ба карантин фаро гирифта шуданд, рӯзи 14-уми феврал аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт ҷавоб мешаванд.

“Дар беморхонаи мо 236 нафар ба карантин фаро гирифта шудаанд. Фардо гурӯҳи аввали иборат аз 88 нафар аз карантин ҷавоб дода мешаванд ва боқимонда рӯзи дигар ба хонаҳояшон бармегарданд. Онҳо 14 рӯз таҳти назорати табибон буданд. Ташхисҳо ва мушоҳидаҳо ягон нишонаҳои бемории коронавирусро дар ин шаҳрвандон ошкор накардаанд. Вазъи саломатии онҳо хуб буда, сиҳату саломат мебошанд”, - иттилоъ доданд аз беморхонаи мазкур ба “Азия-Плюс”.

Ба гуфтаи манбаъ, ин шаҳрвандон боз ҳам назорат хоҳанд шуд: “Ҳамаи он нафарони ҷавобшуда таҳти назорати табибони беморхонаи мо ва дармонгоҳҳои ҷойи зисташон қарор мегиранд. Телефонҳои боварии беморхонаро ҳар яки онҳо медонанд ва дар ҳама ҳолат метавонанд тамос бигиранд ва мо низ ҳамеша бо онҳо тамос гирифта, аз вазъи саломатии онҳо пурсон мешавем”.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар беморхонаҳо ва осоишгоҳҳои кишвар айни замон 940 нафар, аз ҷумла, 102 зан ба карантини фаро гирифта шудаанд. Ҳамаи онҳо аз шаҳрҳои гуногуни Чин ба Тоҷикистон омадаанд. Аз шумораи умумии карантиншудагон 62 нафарашон шаҳрвандони Чин мебошанд. Далелҳои сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

То субҳи 13-уми феврал, дар Чин 14840 ҳодисаи нави сирояти коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта шудааст. Хабаргузории Медуза навиштааст, ки шумори умумии гирифторон ба ин беморӣ ҳудуди 60 ҳазор нафарро ташкил додааст. Шабонарӯзи гузашта аз сирояти коронавирус 242 нафар фавтида, шумори умумии фавтидагон дар Чин ба зиёда аз 1,3 ҳазор нафар расидааст. Беш аз 5,6 ҳазор нафар аз ин беморӣ муолиҷа шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.