Шаҳрдории Душанбе барои бартараф кардани мушкили танбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт қарори навбатӣ қабул кард. 

Шурӯъ аз имрӯз – 24-уми феврал теъдоди микроавтобусҳо (маршруткаҳо) дар хатсайрҳои №8: “Фурудгоҳи кӯҳна” - маҳаллаи Зарафшон ва №19: Маҳаллаи Пахтакор – маҷмааи савдои “Кӯшониён” кам гардида, шумори автобусҳои мусофирбари тамғаи «AKIA» дар ин самтҳо зиёд карда мешавад.

Дар навбати худ, шумори автобусҳо дар хатсайрҳои №33 (“Фурудгоҳи кӯҳна – маҷмааи савдои “Кӯшониён) ва №29 (маҳаллаи Пахтакор – МС “Кӯшониён”) афзудааст.

Ёдрас мекунем, аз 3-юми феврал дар хатсайрҳои мусофирбари №2 (маҳаллаи Пахтакор – бозори “Меҳргон”) ва №25 (маҳаллаи Зарафшон – бозори “Меҳргон”) низ шумори микроавтобусҳо кам шуда, бештар хизматрасонии автобусҳо ба мусофирон оғоз гардид.

Таъкид шуд, ки дар ин хатсайрҳо маблағи роҳкиро тариқи низоми “пардохти ғайринақдӣ” бо истифода аз кортҳои нақлиётии пластикӣ пардохта мешавад.

Ба ин васила, шаҳдории пойтахт омодагӣ мегирад, ки дар кӯчаҳои Душанбе тадриҷан микроавтобусҳо аз байн бардошта шуда, ба ҷойи онҳо автобусу троллейбусҳо ба мусофиркашонӣ машғул шаванд.

Дар ҳамин ҳол, айни замон ба сокинони Душанбе тавсия шудааст, микроавтобусҳои навро, ки барои ивази ҳамаи микроавтобусҳои кӯҳна пешбинӣ мешаванд, озмоиш кунанд. Ба онҳо аз се модел имкони интихоб дода шуд. Ин микроавтобусҳо ду моҳ инҷониб бо хатсайри №16 равуо доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.