Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки озмуни қаблан эълоншудаи “Авто-Бону-2020”, ки бояд рӯзи 7 март дар Душанбе баргузор мешуд, мавқуф гузошта шуд.

“Обуҳавои номусоид ба баргузории озмун имкон намедиҳад, санаи нави баргузории он илвагӣ хабар дода мешавад”, - иттилоъ медиҳад Раёсати БДА ВКД ҶТ.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз 5 то 8 март дар кишвар обуҳавои ноустувор ва боридани борону барф дар назар аст.

Қаблан зикр гардида буд, ки озмуни “Авто-Бону-2020”-ро ба муносибати ҷашни “Рӯзи модар” ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Раёсати БДА ВКД Тоҷикитсон дар дар автодроми ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С. Айнӣ баргузор мекунад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” аз ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус хабар доданд, онҳо низ тавсия додаанд, ки баргузории озмуни мазкур ба вақти дигар гузаронида шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.